Таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Рим баррасӣ гардид

АМИТ "Ховар" · · g3169070

ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи таҳкими ҳамкории дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар самти бехатарии озуқаворӣ 22 сентябр дар шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия

ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи таҳкими ҳамкории дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар самти бехатарии озуқаворӣ 22 сентябр дар шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия зимни мулоқоти Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода ва муовини Директори генералии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ, Директори Департаменти истеҳсолот ва саломатии ҳайвонот Танават Тиенсин баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи бехатарии озуқаворӣ хабар медиҳад.

Дар мулоқот масъалаҳои  истеҳсолоти кишоварзӣ, чорводорӣ, таҳкими ҳамкорӣ байни соҳаҳои тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист, кишоварзӣ ва байторӣ, мубодилаи маълумот, пешгирии бемориҳои ҳайвонот ва татбиқи принсипҳои «Солимии ягона» мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Муҳаммадсаид Файзуллозода оид ба вазъи соҳаи бехатарии озуқаворӣ, чорводорӣ ва саломатии ҳайвонот дар Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуда, самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъдаро муаррифӣ намуд. Ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории самаранок ва таҳкими ҳамкории техникӣ дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳори омодагӣ намуданд.

Ҳамзамон 22 сентябр Муҳаммадсаид Файзуллозода бо директори Шуъбаи истеҳсолот ва ҳифзи растаниҳои Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ  Юрди Ясми мулоқот намуд. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар самти ҳифзи растаниҳо, карантини растаниҳо, бехатарии озуқаворӣ ва рақамикунонии соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамсуҳбатон ба аҳаммияти татбиқи Конвенсияи байналмилалии ҳифзи растаниҳо ҳамчун заминаи муҳими ҳамкории байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва паҳншавии ҳашароти зараррасон ва бемориҳои растаниҳо, инчунин таъмини бехатарии маҳсулоти растанӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ин механизм бо давлатҳои аъзо ҳамкории байналмилалӣ ба роҳ мондааст.

Ҳамчунин масъалаи таъсис ва рушди қитъаҳои карантинӣ ва минтақаҳои махсуси назоратшаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии паҳншавии организмҳои зараровар ва таъмини бехатарии маҳсулоти кишоварзӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Муҳаммадсаид Файзуллозода таъкид намуд, ки рушди чунин қитъаҳо метавонад ба беҳтар намудани назорати фитосанитарӣ, рушди истеҳсолоти кишоварзӣ ва фароҳам овардани шароит барои содироти маҳсулоти растанӣ мусоидат намояд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо барои таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои рақамикунонии соҳа, ҳифзи растаниҳо, карантини фитосанитарӣ, таъсиси қитъаҳои карантинӣ ва баланд бардоштани иқтидори техникии Тоҷикистон ибрози омодагӣ намуданд.

АКС: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"