Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 20.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 дар Тоҷикистон дар 182 ҳазору 252 гектар кишти гандум гузаронида шуд, ки то 11 сентябр 182 ҳазору 095 гектари он даравида шуд. Ҳосили умумӣ
ДУШАНБЕ, 20.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 дар Тоҷикистон дар 182 ҳазору 252 гектар кишти гандум гузаронида шуд, ки то 11 сентябр 182 ҳазору 095 гектари он даравида шуд. Ҳосили умумӣ 614 ҳазору 254 тоннаро ташкил дода, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар то 46-сентнер ӣ мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ, гандум яке аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз ин рӯ гандум маҳсулоте аст, ки онро метавон бештар захира намуд. Дар таркиби дони гандум ба миқдори зиёд сафеда, ангиштоб, равған, намакҳои минералӣ, витамину ферментҳо ва ғайраҳо мавҷуд ҳастанд.
Ба тавсияи мутахассисон, зиёд гардидани ҳосили гандум аз кишти саривақтӣ ва истифодаи технологияи парвариши он вобаста мебошад. Барои рӯёнидани ҳосили баланди ғалладонагӣ истифода ва риоя кардани қоидаҳои кишоварзӣ (агротехникӣ) аҳамияти калон дорад.
Дони гандум серғизо ва серкаллория буда, захираи он то ду сол нигоҳ дошта мешавад. Дар таркиби дони гандум ба миқдори зиёд сафеда, ангиштоб, равған, намакҳои минералӣ, витамину ферментҳо ва ғайраҳо мавҷуд мебошанд.
Муҳлати кишти гандуми тирамоҳӣ дар вилояти Суғд аз 20 сентябр то 20 октябр аст. Дар водии Вахш кишти тирамоҳии гандум аз нимаи моҳи август то моҳи ноябр фаро мерасад. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон (Кӯлоб ва Данғара) гандуми тирамоҳӣ аз 20 октябр то 10 ноябр кишт карда мешавад. Меъёри кишти тухмиро вобаста ба шароити иқлим, хок, хусусияти навъҳои гандум ва захираи намӣ муқаррар менамоянд.
АКС аз бойгонӣ