Дар Женева 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифт
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 20.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифт. Дар
ДУШАНБЕ, 20.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифт.
Дар чорабинӣ роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, корпуси дипломатии муқими шаҳри Женева ва ҳамватанони муқими Швейтсария иштирок намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода аз аҳаммияти Истиқлол, ҳифзи арзишҳои он, дастовардҳои назарраси мамлакат ёдовар шуда, саҳми арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол таъкид намуд.
Ҳамзамон дурнамо ва ҳамкории судманди фарогир байни Тоҷикистону созмонҳои байналмилалӣ ва Конфедератсияи Швейтсария таъкид гардид.
Дар доираи чорабинӣ китобҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъриху фарҳанги тоҷикон, намоиши либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва гӯшаи сайёҳию дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол муаррифӣ гардида, аксҳо, манзараҳои зебои мамлакат, намунаҳои санъати миллии тоҷик, аз ҷумла асбобҳои мусиқӣ ба намоиш гузошта шуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария