Моҳи октябр Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 22 то 24 октябри соли 2026 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар». Дар намоишгоҳ намояндагони корхонаҳои
ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 22 то 24 октябри соли 2026 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар намоишгоҳ намояндагони корхонаҳои табъу нашри беш аз даҳ давлати ҷаҳон ва ноширони Тоҷикистон китобҳои тозанашрро ба намоиш мегузоранд. Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ муаррифии китоб ва таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои ҷаҳон, ташвиқу тарғиби китоб ва китобхонӣ дар ҷомеа мебошад.
Китоб чун падидаи устувори фарҳангӣ ва умдатарин неруи тамаддуни башарӣ барои нигоҳ доштану аз насл ба насли дигар интиқол додани хотираи таърихӣ нақши бузург дорад. Маҳз китоб аст, ки ҳақиқати воқеии ҳаёти гузаштаю имрӯзаи ҷомеаро ба фардо мерос мегузорад.
Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» аз соли 2010 инҷониб бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар шаҳри Душанбе ҳамчун падидаи муҳими тарғиби китоб ва таҳкими иртиботи фарҳангӣ бо ноширони ватанию хориҷӣ баргузор мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»