Имрӯз дар Тоҷикистон тирамоҳи астрономӣ оғоз шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон тирамоҳи астрономӣ фаро расид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, соли 2026 эътидоли тирамоҳӣ ба 23
ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон тирамоҳи астрономӣ фаро расид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, соли 2026 эътидоли тирамоҳӣ ба 23 сентябр, соати 00:05 ба вақти ҷаҳонӣ (UTC) баробар ба соати 05:05-и субҳ ба вақти Душанбе рост омад. Ин лаҳза оғози тирамоҳи астрономӣ дар нимкураи шимолии Замин ва оғози баҳори астрономӣ дар нимкураи ҷанубӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳангоми эътидоли тирамоҳӣ маркази қурси Офтоб дар ҳаракати зоҳирии солонаи худ экватори осмонро аз шимол ба ҷануб убур мекунад. Дар ин лаҳза майли Офтоб, яъне масофаи кунҷии он аз экватори осмон ба сифр баробар мешавад.
Дар рӯзи эътидол давомнокии рӯз ва шаб дар аксари минтақаҳои Замин тақрибан баробар аст. Бо вуҷуди ин, фосилаи байни тулӯъ ва ғуруби Офтоб одатан каме бештар аз 12 соатро ташкил медиҳад. Ин фарқият ба андозаи зоҳирии қурси Офтоб ва шикасти нурҳои он дар атмосфера вобаста аст. Аз ин рӯ, баробаршавии воқеии давомнокии шабу рӯз вобаста ба арзи ҷуғрофии маҳал метавонад чанд рӯз пеш ё баъд аз эътидол ба амал ояд.
Дар экватори Замин Офтоб дар ин рӯз ҳангоми нисфирӯзии маҳаллӣ тақрибан дар зенит — нуқтаи осмон дар болои сари мушоҳид қарор мегирад. Пас аз эътидоли тирамоҳӣ дар нимкураи шимолӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон кӯтоҳшавии рӯзҳо ва дарозшавии шабҳо то фарорасии инқилоби зимистонӣ идома меёбад. Дар нимкураи ҷанубӣ рӯзҳо тадриҷан дарозтар мешаванд.
Барои дарки ин падида ду мафҳуми астрономӣ аҳамият доранд: экватори осмон доираи бузургест, ки аз буриши ҳамвории экватори Замин бо кураи осмон ҳосил мешавад; эклиптика роҳи зоҳирии солонаи ҳаракати Офтоб дар кураи осмон аст. Ҳамвориҳои экватори осмон ва эклиптика нисбат ба ҳам тақрибан 23,4 дараҷа моиланд. Ин моилӣ ҳангоми эътидол низ нигоҳ дошта мешавад.
АКС: Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон