Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз анҷоми рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар шаҳрҳои Айчӣ ва Нагояи Ҷопон дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 4 медал дар ҷадвали умумии медалҳо дар зинаи ҳафтум

ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз анҷоми рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар шаҳрҳои Айчӣ ва Нагояи Ҷопон дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 4 медал дар ҷадвали умумии медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад. Дар ин хусус муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон то 22 сентябр соҳиби 2 медали тилло, 1 нуқра ва 1 медали биринҷӣ шудааст. Бо чунин натиҷа Тоҷикистон дар ҷадвали медалҳо зинаи ҳафтумро ишғол мекунад. Медалҳои тиллоро аз намуди санъати муҳорибаҳои омехта Мирзобек Умаров дар вазни 60 кг, Отабек Раҷабов дар вазни 65 кг, медали нуқраро Беҳрӯз Хуршедзода дар вазни 71 кг ва медали биринҷиро Махсатулло Муъминов дар вазни 55 кг аз намуди карате-до WKF соҳиб шуданд.

Дар ҳисоби умумӣ дастаи мунтахаби Чин пешсаф мебошад. Варзишгарони ин давлат то анҷоми рӯзи сеюм дар маҷмуъ 53 медал ба даст овардаанд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо иштирок намуда, то ҳоло 38 медал гирифтааст, ки 8 медали тилло, 8 медали нуқра ва 22 медали биринҷӣ мебошад.

Бозиҳои Осиёӣ-2026 давоми 16 рӯз идома ёфта, дар онҳо беш аз 15 ҳазор варзишгар аз 45 давлат ва минтақа дар 43 навъи варзиш барои 469 маҷмуи медалҳо рақобат мекунанд.

АКС аз Варзиш ТВ

Источник: АМИТ "Ховар"