Дар Ҳамбурги Олмон 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳамбург бо ташаббуси Консулгарии ифтихории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар музофотҳои федералии Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайн ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон 35-солагии Истиқлоли давлатии
ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳамбург бо ташаббуси Консулгарии ифтихории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар музофотҳои федералии Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайн ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ таҷлил гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон хабар доданд, дар чорабинӣ намояндагони доираҳои сиёсӣ ва ҷамъиятии Ҳамбург, корпуси дипломатӣ, доираҳои иқтисодию фарҳангӣ ва ҳамватанони муқими Олмон иштирок намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов оид ба дастовардҳо дар 35 соли соҳибистиқлолӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва имконияти афзояндаи кишвар дар соҳаҳои сармоягузорӣ, саноат, энергетика ва захираҳои маъданӣ сухан гуфт. Ҳамзамон ба таъриху фарҳанги ғанӣ ва мероси адабии халқи тоҷик ҳамчун ҷузъи муҳими ҳувияти миллии он таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Котиби давлатии Вазорати корҳои дохилӣ ва варзиши Ҳамбург Кристоф Ҳолштайн мардуми Тоҷикистонро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик гуфта, андешаҳояшро доир ба рушди муносибатҳои Тоҷикистону Олмон дар даврони соҳибистиқлолӣ иброз дошт. Ӯ бо таъкид ба мавқеи Ҳамбург ҳамчун шаҳри тиҷоратӣ ва байналмилалӣ ба нақши мутахассисони хориҷӣ ва фароҳам овардани имконоти нав барои ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Консули ифтихории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар музофотҳои федералии Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайн Куруш Пуркиён оид ба рушди робитаҳои Тоҷикистон бо Ҳамбург ва имконоти минбаъдаи тавсеаи ҳамкорӣ суҳбат кард. Ӯ ҳамчунин дар ҳошияи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ доир ба фаъолияти Консулгарии ифтихорӣ ва таҷрибаи андӯхтаи он дар роҳи таҳкими робитаҳо ва наздиктар намудани ҷонибҳо сухан гуфт.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон