Сироҷиддин Муҳриддин бо Роҳбари Миссияи кумаки Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон мулоқот намуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр дар доираи иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи махсуси Дабири кулл ва Роҳбари Ҳайати

ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр дар доираи иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи махсуси Дабири кулл ва Роҳбари Ҳайати мусоидати Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон (UNAMA) Фотима Рабоб мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳо оид ба амнияти минтақавӣ ва ҷанбаҳои муҳими раванди татбиқи ваколати UNAMA баррасӣ шуданд.

Фотима Рабоб оид ба афзалият ва нақшаҳои минбаъдаи Ҳайати мусоидати Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон (UNAMA) маълумот дод.

Ҷонибҳо бори дигар уҳдадории худро барои тақвияти ҳамкорӣ ва нигоҳ доштани муколамаи мунтазам оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн тасдиқ карданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"