Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуданд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр дар доираи иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷӣ ва

ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр дар доираи иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷӣ ва равобити байналмилалии Подшоҳии Лесото Лимфо Ҷастис Тау баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот атрофи масоили муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Лесото мубодилаи афкор доир шуда, рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар самти иқтисод, тиҷорат, саноат, сайёҳӣ ва обу энергетика баррасӣ гардид.

Дар анҷоми мулоқот вазирони корҳои хориҷӣ Баёнияи муштаракро оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"