РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар таърихи ҳар миллат чеҳраҳое ҳастанд, ки номи онҳо аз ҳудуди як давру замон берун рафта, ба ҷузъи хотираи маънавии халқ табдил меёбад. Барои миллати тоҷик

ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар таърихи ҳар миллат чеҳраҳое ҳастанд, ки номи онҳо аз ҳудуди як давру замон берун рафта, ба ҷузъи хотираи маънавии халқ табдил меёбад. Барои миллати тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷумлаи чунин бузургон аст. Ӯ на танҳо поягузори адабиёти классикии тоҷику форс, балки яке аз бузургтарин парчамбардорони сухани инсонпарварона, хирадгароёна ва ахлоқии адабиёти мост.

— Ҳар сол таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ моро водор месозад, ки ба гузаштаи пурғановати фарҳангиямон назар афканем ва аз худ бипурсем: чаро сухани шоире, ки беш аз ҳазор сол пеш гуфта шудааст, имрӯз ҳам ба қалби инсон роҳ меёбад?

Ҷавобро метавон дар ҷовидонагии андешаҳои Рӯдакӣ ҷустуҷӯ кард. Ӯ дар бораи чизҳое сухан гуфтааст, ки барои инсон дар ҳама давру замон муҳиманд: дониш, хирад, некӣ, дӯстӣ, ростӣ, меҳрубонӣ, қадри вақт, муносибати дуруст бо инсонҳо ва дарки арзиши зиндагӣ.

Рӯдакӣ шоирест, ки дар осораш инсон дар марказ меистад. Ӯ ба инсон меомӯзонад, ки бо чашми хирад ба зиндагӣ нигарад, некиро аз бадӣ фарқ кунад ва аз имкони кӯтоҳи умр барои анҷоми корҳои нек истифода барад. Ин паёми ахлоқии шоир имрӯз низ аҳаммияти бузург дорад.

Яке аз маъруфтарин байтҳои Рӯдакӣ чунин аст:

Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор, Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

Ин сухан танҳо як панд барои шахси алоҳида нест. Он моро ба андешаи амиқ мебарад: зиндагӣ худ мактаби бузург аст. Ҳар воқеа, ҳар шикаст, ҳар муваффақият ва ҳар таҷрибаи инсон метавонад барои ӯ дарси зиндагӣ бошад. Аммо танҳо дидани воқеа кофӣ нест; инсон бояд аз он хулоса бароварда тавонад.

Дар замони мо, ки инсон бо суръати бесобиқаи иттилоот рӯ ба рӯ мешавад, ин андешаи Рӯдакӣ аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Имрӯз мо метавонем дар чанд сония маълумоти зиёде ба даст орем, вале доштани маълумот ҳанӯз маънои соҳибхирад буданро надорад. Дониш вақте арзиш пайдо мекунад, ки инсон онро бо ақлу хирад истифода барад.

Аз ҳамин ҷост, ки осори Рӯдакӣ барои тарбияи насли ҷавон низ сарчашмаи муҳим мебошад. Ҷавонон бояд на танҳо соҳиби касбу дониш, балки соҳиби ахлоқи нек, фарҳанги муошират, эҳтироми калонсолон ва масъулияти шаҳрвандӣ бошанд. Илме, ки инсонро ба некӣ раҳнамоӣ намекунад, ҳанӯз ба ҳадафи аслии худ нарасидааст.

Рӯдакӣ дар ашъори худ ба дӯстӣ ва муносибати нек байни инсонҳо низ арзиши баланд медиҳад. Маҳз ҳамин идея имрӯз барои ҷомеа бисёр муҳим аст. Одамон метавонанд андеша, касб, синну сол ва мавқеи гуногун дошта бошанд, аммо меҳрубонӣ, эҳтиром ва инсондӯстӣ бояд онҳоро ба ҳам наздик созад.

Дар зиндагии ҳаррӯза мо баъзан аҳаммияти суханро кам мегирем. Як сухани нек метавонад дили инсонро шод кунад ва як сухани сахт метавонад руҳияи ӯро шиканад. Рӯдакӣ бо қудрати сухани худ нишон дод, ки гуфтор метавонад ҳам тарбиятгар бошад ва ҳам созанда. Аз ин рӯ, омӯзиши осори Рӯдакӣ бояд танҳо ба доираи дарсҳои адабиёт маҳдуд нашавад. Он метавонад барои тарбияи фарҳанги сухан, одоби муошират ва муносибати масъулона ба зиндагӣ василаи таъсирбахш бошад.

Хусусан барои омӯзгорон осори Рӯдакӣ аҳаммияти хос дорад. Омӯзгор танҳо дониш намедиҳад; ӯ ба ташаккули шахсияти шогирд таъсир мерасонад. Агар дар қалби вай эҳтиром ба дониш, меҳнат, инсон ва Ватан бедор карда шавад, ин таъсир метавонад тамоми умри ӯро ҳамроҳӣ кунад. Рӯдакӣ низ бо сухани худ насли имрӯз ва фардоро ба андешидан, омӯхтан ва некӣ кардан даъват мекунад.

Рӯзи Рӯдакӣ, пеш аз ҳама, рӯзи эҳтиром ба адабиёт, забон ва фарҳанги миллӣ аст. Забоне, ки бо он Рӯдакӣ асарҳои ҷовидона офарид, давоми садсолаҳо рисолати бузурги маънавии худро иҷро кардааст. Он забон имрӯз низ дар шакли забони давлатии мо зиндагӣ мекунад ва вазифаи ҳар соҳибзабон аст, ки онро пок, зебо ва босаводона истифода барад.

Эҳтироми Рӯдакӣ танҳо гузоштани гул назди муҷассама ё баргузор намудани як чорабинии идона нест. Эҳтироми ҳақиқии шоир он вақт зоҳир мешавад, ки мо ба сухани ӯ гӯш диҳем ва кӯшиш кунем, ки маънии онро дар зиндагии худ татбиқ намоем: бештар биомӯзем, бо ҳамдигар бо эҳтиром муносибат кунем, некиро фаромӯш накунем ва барои ҷомеаи худ фоидаовар бошем.

Рӯдакӣ ба мо мероси бузурги адабӣ гузоштааст, аммо мероси асосии ӯ танҳо дар байтҳои боқимонда нест. Мероси бузурги ӯ фарҳанги андеша, муҳаббат ба дониш ва эҳтиром ба инсон аст.

Имрӯз, пас аз гузашти беш аз ҳазор сол садои Рӯдакӣ ҳанӯз ҳам моро ба хирад даъват мекунад. Ва шояд бузургтарин сабақи ӯ ҳамин бошад: миллате, ки ба дониш, адаб, забон ва фарҳанги худ арҷ мегузорад, метавонад роҳи худро бо эътимод ба сӯйи оянда идома диҳад. Рӯдакӣ дар замони худ шоири бузург буд, аммо барои мо ӯ танҳо шахсияти таърихӣ нест. Ӯ мактаби маънавист — мактаби сухани нек, андешаи солим, ахлоқи ҳамида ва инсонгароӣ.

Аз ин рӯ, таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ бояд моро на танҳо ба гузашта, балки ба масъулияти имрӯз ва оянда низ раҳнамоӣ кунад. Зеро беҳтарин арҷгузорӣ ба устоди бузурги сухан он аст, ки сухани некро бишнавем, маърифатро омӯзем ва некӣ карданро ба одати зиндагии худ табдил диҳем.

Зайнаб МУХАМЕДОВА, муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигории Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС аз манбаъҳои боз

Источник: АМИТ "Ховар"