Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамоиши CARINFONET (Central Asian Republics Information Network) бо иштироки намояндагони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ баргузор гардид. Тавре ба
ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамоиши CARINFONET (Central Asian Republics Information Network) бо иштироки намояндагони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҳамоиш платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон — tandurusti.tj муаррифӣ гардид.
Инчунин имконият ва таҷрибаи Тоҷикистон дар самти ташаккули низоми ягонаи иттилоотии тандурустӣ пешниҳод карда шуд.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш табодули таҷриба, рушди идоракунии маълумоти тандурустӣ, таҳлили рақамӣ ва истифодаи технологияҳои муосир дар қабули қарорҳои идоракунӣ мебошад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон