Тоҷикистон ва Гренада Созишнома оид ба мутақобилан бекор кардани талаботи раводидро ба имзо расониданд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр дар доираи иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири молияи Гренада Денис Корнвол
ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр дар доираи иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири молияи Гренада Денис Корнвол мулоқот анҷом дод.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Гренада ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Гренада оид ба мутақобилан бекор кардани талаботи раводидро ба имзо расониданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон