ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 22 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ аст. Устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (858-941) асосгузори адабиёти классикии тоҷик ва нобиғаи беназири таърихи миллати тоҷик эътироф шуда, дар ташаккули

ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 22 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ аст. Устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (858-941) асосгузори адабиёти классикии тоҷик ва нобиғаи беназири таърихи миллати тоҷик эътироф шуда, дар ташаккули забони адабии тоҷикӣ ва ҳифзи он хизмати таърихӣ ба анҷом расонидааст.

–Осори Устод Рӯдакӣ маъниҳои гуногун- бештар мавзуъҳои умдаи ҷомеа, замону макон, фалсафа, ҳикмат, ахлоқ, панду насиҳат, башардӯст будан ва тасвири табиатро фарогир мебошад.

Тавре Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Дар таърихи пурифтихори миллати соҳибтамаддун ва куҳанбунёди мо агар Исмоили Сомонӣ бо бунёди аркони давлатдории миллӣ, гиромӣ доштани фарҳангу арзишҳои маънавии ниёкон ва ба сатҳи давлатӣ бардоштани забони тоҷикӣ хидматҳои шоён карда бошад, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо осори гаронбаҳо, сухани равону шево ва дурдонаҳои нодири ашъораш ба адабиёти тоҷику форс асос гузошт.

Узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон иброз дошт, ки Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, бешубҳа, аз саромадони забону адаби мо маҳсуб мешавад, ки ҳамасола ба ифтихори ӯ 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мегардад. Дар байни ҳама устодони бузурги забони модарии мо аз рӯзгори пешин то ба ин даврон Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мақом ва ҷойгоҳи хосса дорад. Зеро устод Рӯдакӣ аввалин шоири соҳибдевон ба забони модарии мост ва гуфтаанд, ки вай ҳамчунин муаллифи яке аз нахустин фарҳангҳои забони модарии мо – «Тоҷ-ул-масодир фӣ луғат-ил-фурс» (Тоҷи маъхазҳо дар забони порсиён) мебошад, ки мутаассифона, ин фарҳанг то замони мо нарасидааст.

Ба андешаи Ҳасани Султон, Устод Рӯдакӣ дар офаридани мазмунҳои борику рангин ва тасвирҳои ширину дилнишин ба забони модарии мо ниҳоят табъи расо ва завқи салим доштааст, ки бо гузаштани бештар аз ҳазор сол имрӯз ҳам онҳо беҳтарин намунаи мазмунофарию тасвирсозии шоирона дониста мешаванд. Ташбеҳҳои беназиру дилпазири офаридаи «устоди шоирони ҷаҳон» то ба ҳол дилҳои аҳли завқро тасхир менамоянд:

Биёр он май, ки пиндорӣ равон ёқути ноб астӣ Ва ё чун баркашида теғ пеши Офтоб астӣ…

Қасидаи маъруфи устод Рӯдакӣ «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён», ки намунаи олии сухани шевои тоҷикӣ маҳсуб шуда, суруди миллии тоҷикони ҷаҳон барои ҳама давру замонҳо аст, бо тарғиби Абулфазли Балъамӣ дар васфи ҳамин амири Сомонӣ суруда шудааст ва дар бобати чигунагии сурудани он дар чанд таърихномаву тазкира, аз ҷумла дар «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ нақли зебои муфассале омадааст. Забони ин қасида чун дигар ашъори устод Рӯдакӣ дар камоли зебоӣ ва содагию равонӣ аст. Аз ҳамин ҷост, ки Садриддини Айнӣ услуби шеъри устод Рӯдакиро «саҳли мумтанеъ» ном бурдааст:

Бӯи Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрбон ояд ҳаме. Реги Омую дуруштий роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме…

Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло иброз медорад, ки миллати куҳанбунёд ва соҳибтамаддуни тоҷик бо ин нобиғаи оламшумул, ки барояш шуҳрати ҷаҳонӣ овардааст, ифтихор дорад. Ҳар миллат дар эҳёву рушди таърихиаш аввалан такя ба маънавиёти баланди миллии худ мекунад. Сутунҳои мустаҳкаме, ки кохи ҳастии миллати моро, новобаста ба хунрезиву фоҷиаҳои таърих ва тохту тозу тороҷи аҷнабиён пойдор доштаанд, ҳамин сутунҳои бегазанди таърихии ӯ: забони модарӣ, илму фарҳанги хуҷаста ва хусусан адабиёти бадеии оламшумулаш мебошанд.

«Беҳуда нест, ки баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати соҳибистиқлоли Тоҷикистон боз ҳам такя ба илму маонӣ ва фарҳангу адаби баланди миллии хеш намуд. Ва аз аввалин чорабиниҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон арҷгузорӣ ба забони тоҷикӣ ва ҷашну бузургдоштҳои фарзонагони илму адаби он, аз ҷумла ҳазору саду панҷоҳсолагии устод Рӯдакӣ, бузургдоштҳои зиёди дигари абармардони илму адабу фарҳанг ва шаҳрҳои бостонии ҷумҳурӣ буданд.

Чунон ки асрҳо гузаштанду шеъри Устод Рӯдакӣ заррае таровату зарурату аҳамияти худро гум накард, ҳамчунин боз асрҳо хоҳанд гузашт, аммо ин шеър боз ҳам раҳнамо, таскини дил ва ойинаи рӯзгори мардум хоҳад монд ва дар ҳар мавриди зарурӣ дар гӯши ҳоҷатмандон садо хоҳад дод:

Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ! Дар банди такаллуф машав, озод бизӣ! Дар беҳ зи худӣ назар макун, ғусса махӯр! Дар кам зи худӣ назар куну шод бизӣ!

Устод Рӯдакӣ аз он абармардони адабиёти олам аст, ки баландтарин мақоми суханвариро дар сатҳи ҷаҳонӣ тавонистааст соҳиб шавад ва сазовори унвони Устод гардад, ки дар таърихи адабиёти куҳани мо ин унвонро танҳо ба ӯ шоиста донистаанд»,-мегӯяд Камол Насрулло.

Шеъри Рӯдакӣ беш аз ҳазор сол аст, ки паёми озодию истиқлол, сулҳу дӯстӣ, донишу хирад, накӯкорию ҷавонмардӣ ва зебоию нафосат мерасонад. Он барои наслҳои имрӯза ва оянда низ ҳамчун намунаи олии башардӯстӣ, садоқат ба марзу буми аҷдодӣ, зебоипарастӣ ва ишқи поку беолоиш хизмат мекунад.

Раъно НУСРАТУЛЛО, АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Источник: АМИТ "Ховар"