Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахру ноҳияҳои вилояти Суғд дар деҳаи Зарчашмаи шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон пул бо 56 метр

ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахру ноҳияҳои вилояти Суғд дар деҳаи Зарчашмаи шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон пул бо 56 метр дарозӣ ва 4,5 метр баландӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иттилоъ доданд, ин пули навбунёд ба беҳтар гардидани ҳаракати сокинон ва рушди инфрасохтори деҳа мусоидат менамояд.

Инчунин дар деҳаи Зарчашмаи шаҳраки Адрасмон бунгоҳи нави тиббӣ сохта, ба истифода дода шуд. Бунгоҳи тиббӣ бо саҳми аҳолӣ ва саховатмандони деҳаи Зарчашма бунёд гардида, барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинон заминаи муҳим мегузорад.

Дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон майдони варзишӣ барои бозии футбол ба истифода дода шуд. Ин иншоот бо саҳми соҳибкорон Толибҷон Бобоев ва Фаррухуҷа Офоқов сохта, ба истифода дода шуд. Дар он барои баргузории машқу тамрин, мусобиқаҳои футбол ва ҷалби наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Гулистон

Источник: АМИТ "Ховар"