Мирзобек Умаров аввалин медали тиллои Тоҷикистонро дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 соҳиб гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Мирзобек Умаров дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медали тиллоро барои Тоҷикистон ба даст овард. Мирзобек Умаров дар мусобиқаи санъати муҳорибаҳои омехтаи Modern дар вазни то
ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Мирзобек Умаров дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медали тиллоро барои Тоҷикистон ба даст овард. Мирзобек Умаров дар мусобиқаи санъати муҳорибаҳои омехтаи Modern дар вазни то 60 кг баромад карда, дар рақобати ниҳоӣ бар варзишгари Узбекистон Фирдавс Атамуратов бо ҳисоби 3:0 пирӯз гардид. Дар ин хусус муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.
Варзишгари тоҷик Мирзобек Умаров дар финал баромад карда, бартарии худро то анҷоми рақобат нигоҳ дошт ва бо ин пирӯзӣ ба зинаи аввали мусобиқа баромада, соҳиби унвони қаҳрамони Бозиҳои Осиёӣ-2026 гардид. Ин медали тилло барои Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёии имсола аҳамияти хос дорад, зеро он аввалин медали тиллои ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин давраи мусобиқа ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин медали тиллои Мирзобек Умаров ҳафтумин медали тиллои Тоҷикистон дар таърихи иштироки ҷумҳурӣ дар Бозиҳои Осиёӣ мебошад. Се медали тиллоро Дилшод Назаров аз гурзандозӣ, ду медали тиллоро Ҷаҳон Қурбонов ва Давлат Болтаев дар бокс, як медали тиллоро Сомон Маҳмадбеков дар намуди гӯштини ҷудо ба даст овардаанд.
Бозиҳои Осиёӣ-2026 давоми 16 рӯз идома ёфта, дар онҳо беш аз 15 ҳазор варзишгар аз 45 давлат ва минтақа дар 43 навъи варзиш барои 469 маҷмуи медалҳо рақобат мекунанд.
АКС аз манбаъҳои боз