«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 20.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 то 26 октябр дар шаҳри Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак бо номи «Чодари хаёл» баргузор мешавад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати
ДУШАНБЕ, 20.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 то 26 октябр дар шаҳри Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак бо номи «Чодари хаёл» баргузор мешавад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар фестивал театрҳои лӯхтаки Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Русия, Беларус, Арманистон ва дигар давлатҳо бо намоишномаҳои беҳтарин иштирок мекунанд.
Ин фестивал бо мақсади иҷрои банди 23-и «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, гузаронида мешавад.
Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» дар ду сол як маротиба баргузор мешавад. Ҳадафи аслии фестивал- таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи театрҳои лӯхтак, эҳё ва рушди театри суннатии лӯхтаки тоҷик, инчунин беҳбуд бахшидан ба тарбияи эстетикии насли наврас мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»