Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд

АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 21.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19-20 сентябри соли 2026 дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе дуюмин Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар он

ДУШАНБЕ, 21.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19-20 сентябри соли 2026 дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе дуюмин Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар он варзишгарони тоҷик ҳунар ва маҳорати арзанда нишон дода, соҳиби 8 медали ифтихорӣ (2 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) гардиданд.

Варзишгари шинохтаи тоҷик Рамазон Ҷумаев дар вазни то 88 кг дар Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо -2026 дар шаҳри Душанбе аз намуди самбои размӣ соҳиби медали тилло гардид. Дар финал Рамазон Ҷумаев бар намояндаи Қазоқистон Ерсултон Дуйсенгазин зафар ёфт.

Ҳамчунин 20 сентябр аз намуди самбои размӣ Сиёвуш Солиҳов дар вазни 58 кг, Беҳрӯз Ҳалимов дар вазни 71 кг ва Баҳромҷон Имомзода дар вазни 98 кг соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд.

Хотиррасон мешавем, ки дар рӯзи якуми Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе паҳлавони ҷавони тоҷик Анӯшервон Назарзода қаҳрамони Ҷоми ҷаҳони самбо дар соли 2026 гардид.

Анушервон Назарзода дар вазни то 58 кг дар Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо-2026 аз намуди самбои варзишӣ соҳиби медали тилло гардид.

Дар финал Анӯшервон Назарзода бар намояндаи Қазоқистон Алибек Калимов бо ҳисоби калони 4:0 ғалаба кард. Ҳамчунин аз намуди самбои варзишӣ паҳлавони шинохтаи тоҷик Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 98 кг соҳиби медали биринҷӣ гардид. Инчунин аз намуди самбо барои нобиноён (SVI1) Шоҳрух Назаров дар вазни то 79 кг ва Раҷаб Ҳусейнов дар вазни то 98 кг соҳиби медалҳои нуқра шуданд.

Меҳрони ҚУРБОН, шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"