157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
АМИТ "Ховар" · · g1221874
ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе маросими ҷамъбасти даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид, ки дар он 157 нафар барои иштирок дар марҳилаи ниҳоии Озмуни
ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе маросими ҷамъбасти даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид, ки дар он 157 нафар барои иштирок дар марҳилаи ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Даври шаҳрии озмун аз 14 то 17 сентябр дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардида, иштирокчиён аз рӯйи номинатсияҳои «Математика», «Физика ва астрономия», «Химия», «Биология», «География», «Технологияҳои иттилоотӣ», «Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» ва «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» донишу малака ва қобилият санҷиданд.
Озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки бо ташаббус ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегарданд, дар баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди тафаккури илмӣ, дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди қобилияти зеҳнии насли наврасу ҷавон нақши муҳим доранд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ба рушди шавқу рағбати хонандагону донишҷӯён ба илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ, тавсеаи фаъолияти ихтироъкориву навоварӣ, омӯзиши технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ, инчунин таҳкими тафаккури илмӣ равона гардидааст.
Дар ҷамъбаст иброз карда шуд, ки дастгирии давлатии ҷавонони соҳибистеъдод, фароҳам овардани имконияти мусоид барои рушди истеъдоди онҳо ва омода намудани кадрҳои ҷавони дорои донишу ҷаҳонбинии илмӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон