ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 сентябр, сешанбе, 265-умин рӯзи соли 2026 аст
АМИТ "Ховар" ·
22 сентябри соли 2009 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаи умумии Иҷлосияи 64-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуданд. *** 22 сентябри соли
22 сентябри соли 2009 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаи умумии Иҷлосияи 64-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуданд.
***
22 сентябри соли 2010 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳамоиши «Дурнамои татбиқи се ҳадафи Конвенсияи биогуногунӣ» раисӣ ва суханронӣ намуданд.
***
22 сентябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи мубоҳисаҳои иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд.
***
22 сентябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи мубоҳисаҳои иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Лионг Кионг мулоқот намуданд.
***
22 сентябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи мубоҳисаҳои иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Президенти Ҷумҳурии Португалия Марселу Ребелу де Соуза мулоқот намуданд.
22 СЕНТЯБР:
Дар Тоҷикистон – Рӯзи Рӯдакӣ (сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс).
***
Рӯзи ҷаҳонии бе автомобил.
***
Дар Булғория – Рӯзи истиқлолият.
РӮЙДОДҲО:
22 сентябри соли 1939 дар Англия барои фурӯши сӯзишворӣ меъёр ҷорӣ карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1948 дар натиҷаи таркиши корхонаи химиявӣ дар Ҳонконг зиёда аз 130 нафар ба ҳалокат расиданд.
***
22 сентябри соли 1955 дар Британияи Кабир пахши телевизиони тиҷоратӣ оғоз гардид.
***
22 сентябри соли 1985 дар натиҷаи заминҷунбии шадид дар Мексика 2000 нафар ба ҳалокат расиданд.
***
Дар ин рӯзи соли 1989 забони қазоқӣ забони давлатии Қазоқистон эълон карда шуд.
***
22 сентябри соли 2015 дар шаҳри Ҳисор Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат расман ифтитоҳ гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Душанбе маҷлиси раисони судҳои олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1910 дар Англия аввалин ҳавопаймо ба фазо парвоз кард.
***
Соли 2007 аввалин маротиба дар Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе китобхонаи электронӣ ифтитоҳ гардид.