Президенти Тоҷикистон: «Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар Суғд дар солҳои соҳибистиқлолӣ 11 баробар афзоиш ёфт»

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Маҷмуи маҳсулоти вилояти Суғд соли 2025  49 миллиард сомониро ташкил кард, ки саҳми назарраси вилоят дар таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат ва пешрафти минбаъдаи давлат мебошад. Чунин

ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Маҷмуи маҳсулоти вилояти Суғд соли 2025  49 миллиард сомониро ташкил кард, ки саҳми назарраси вилоят дар таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат ва пешрафти минбаъдаи давлат мебошад. Чунин иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд.

Сарвари давлат баён доштанд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ ташкилоти қарзӣ ба соҳибкорон ва аҳолии вилоят беш аз 70 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод намудаанд. Дар натиҷа барои рушди соҳаҳои асосии иқтисодиёт, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ шароити мусоид муҳайё гардидааст.

Иброз гардид, ки ҳоло шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 1324 адад расидааст, ки нисбат ба оғози давраи соҳибистиқлолӣ 11 баробар зиёд мебошад. Танҳо дар панҷ соли охир дар ҳудуди вилоят 781 корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 8 ҳазор ҷойи нави кор бунёд ва ба истифода дода шудааст.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд якчанд корхонаҳои бузурги муосир таъсис дода шуда, соҳаи саноати маъдан ба пешрафти бесобиқа ноил гардид. Дар натиҷа ҳиссаи ин соҳа дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят ҳоло ба 44 фоиз расидааст.

Бо вуҷуди пешравиҳои назарраси соҳа зарур аст, ки коркарди пурраи ашёи хоми дохилӣ, боз ҳам афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва истифодаи пурраи иқтидори содиротии корхонаҳои ватанӣ таъмин карда шавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"