ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 20.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ тибқи нақша 297 ҳазору 6309 тонна хӯроки дурушт ва 110 ҳазору 610 тонна хӯроки ширадор барои чорво барои
ДУШАНБЕ, 20.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ тибқи нақша 297 ҳазору 6309 тонна хӯроки дурушт ва 110 ҳазору 610 тонна хӯроки ширадор барои чорво барои давраи зимистонгузаронӣ ҷамъоварӣ ва захира карда мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳамасола дар мамлакат аз аввали фасли тобистон то охири фасли тирамоҳ хӯроки чорво захира мегардад. Ҳадафаи захираи хӯроки чорво барои фасли зимистон таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо гӯшту шир мебошад. Дар айни замон маъракаи ҷамъоварии хӯроки сабзи чорво, аз ҷумла беда ва ҷави сабз бо вусъат идома дошта, кишоварзон барои таъмин намудани хоҷагиҳо бо хӯроки зарурӣ талош меварзанд.
То 14 августи соли равон 222 ҳазору 0859 тонна хӯроки дурушт ва 32017,6 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ гардида, ҳоло ин кор идома дорад. Дар шароити мураккаби тағйирёбии иқлим ва камбуди манбаъҳои об ҷамъоварии саривақтии хӯроки чорво ва захираи кофии он яке аз ҷузъҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори соҳаи чорводорӣ маҳсуб мешавад.
Дар Тоҷикистон 3,8 миллион гектар чарогоҳ мавҷуд аст. Чарогоҳ дар ҷумҳурӣ манбаи асосии таъминоти чорво бо хӯрок аст. Аз ин рӯ барои баланд бардоштани ҳосилнокии алафҳо дар чарогоҳ «Барномаи рушди чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» қабул гардидааст. Ба манбаъҳои табиии захираи хӯроки чорво марғзор ва алафзори чарогоҳ, зироати хӯроки чорво алафҳои яксолаю бисёрсола, бехмеваҳо, кишти омехтаи зироати ғалладонаю лӯбиёгиҳо, ҷуворӣ ва ғайра дохил мешаванд.
Захираи хӯроки чорво асоси рушди чорводорӣ буда, захира ва истеҳсоли он бо роҳи васеъ кардани майдони кишти зироати хӯроки чорво, истифодаи самараноки алафзору чарогоҳҳо, кишти навъҳои серҳосили зироати хӯрокӣ, истифодаи усулҳои пешқадами нигаҳдошт ва беҳтар кардани сифати ғизонокии хӯрок амалӣ мегардад.
Омилҳои асосии рушди чорводорӣ — ин мустаҳкамсозии заминаи хӯроки чорво мебошад. Ба чорво аз рӯи меъёр хӯронидани ғизои асосӣ сабаби зиёд шудани маҳсулнокӣ ва баланд гардидани сифати он, пешгирии вайроншавии мубодилаи моддаҳо, беҳтар гардидани қобилияти такрористеҳсолкунӣ ва пешгирии касалиҳо мешавад. Чарогоҳ барои ҳайвонот яке аз манбаъҳои асосии хӯроки сабзи арзон ва фоиданок аст.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи чорводорӣ ва зиёд намудани хоҷагиҳои зотпарварӣ «Фестивал-намоиши чорвои зотӣ» гузаронида мешавад. Дар фестивалҳо чорвои калони шохдор, аз ҷумла чорвои хушзоти калони тоҷикии навъҳои сиёҳало, зотҳои шведӣ, сментал ва гӯсфанди зоти тоҷикӣ, ҳисорӣ, қароқулӣ, маҳинпашм ва ғайра намоиш дода мешаванд.
АКС аз бойгонӣ