Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 11 иншооти таъйиноти гуногунро дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд

АМИТ "Ховар" ·

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 11 иншооти таъйиноти гуногунро дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитаме…

ДУШАНБЕ, 20.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Анқо-Инвест ҳамчунин, ба таври фосилавӣ 11 иншооти таъйиноти гуногунро, ки бо саҳми

ДУШАНБЕ, 20.09.2026 /АМИТ «Ховар»/.  20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Анқо-Инвест ҳамчунин, ба таври фосилавӣ 11 иншооти таъйиноти гуногунро, ки бо саҳми мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен бунёд карда шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи истеҳсоли панелҳои минералии композитии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Зартахта бо таъсиси 30 ҷойи корӣ, муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Дурахши Истиқлол барои таълиму тарбияи 240 кӯдак, толори варзишии Ҳафткалон бо 50 ҷойи нишаст ва осоишгоҳи Марҳабо бо 30 кат дар шаҳраки Ғафуров, деҳоти Ёва, Ғозиён ва Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар доираи тадбирҳои созандагию ободонӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудаанд, ки бо амалӣ гардидани чунин иқдомоти шоиста рушди минбаъдаи соҳаҳои саноат, маориф, тандурустӣ ва варзиш дар маҳалҳо таъмин мешавад.

Зимни муаррифии имконият ва шароити фароҳамгардида ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар давоми панҷ соли охир бо саҳми мақомоти давлатӣ, соҳибкорони ҳимматбаланд ва аҳолии созандаю бунёдкор дар марказ ва деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар маҷмуъ 2745 иншооти гуногун мавриди баҳрбардорӣ қарор дода шуд ва иҷрои нақшаи қаблан пешбинишуда 137 фоиз таъмин гардид.

Дар шаҳраки Навкат, деҳоти ба номи Турсун Улҷабоев, Куруш ва Истиқлоли ноҳияи Спитамен бошад, ба таври фосилавӣ 7 иншооти гуногун, аз қабили муассисаи таҳсилоти томактабии №6 бо фарогирии 300 кӯдак, бунгоҳи тиббӣ бо 10 ҳуҷраи корӣ, бинои шуъбаи маориф, маркази ташхису табобатии Шараёни Варид бо 26 кат ва 70 ҷойи корӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 барои 1350 хонанда дар ду баст, маркази саломатӣ бо 13 ҳуҷраи корӣ, коргоҳи пойафзолбарорӣ ва маҳсулоти дӯзандагии Муҳайё бо таъсиси 40 ҷойи корӣ ва иқтидори моҳонаи истеҳсоли 1500 ҷуфт пойафзол ва 6 ҳазор дона либос, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Тибқи маълумоти масъулин, аз соли 2022 то ин замон дар ноҳияи Спитамен баъди бунёду навсозӣ зиёда аз 800 иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст ва ҳоло корҳои ободонию созандагӣ идома дошта, бо амалӣ намудани нақшаю барномаҳои мукаммал барои сокинон шароити созгори кору зиндагӣ фароҳам оварда мешавад.

Дар 11 иншооте, ки Роҳбари давлат ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен ба истифода доданд, бештар аз 300 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро вазифадор намуданд, ки дар маҳалҳо корҳои ободонию созандагӣ боз ҳам тақвият ёбад ва дар ин радиф васеъсозии роҳҳои мошингард, чароғонкунии кӯчаю хиёбонҳо, сабзкории муҳити атроф, инчунин ҷиҳати мукаммал гардидани инфрасохтори зарурӣ бунёди хатҳои интиқоли обу корез ва барқу гармидиҳӣ дар асоси талаботу меъёрҳои муосир амалӣ карда шавад.

Источник: АМИТ "Ховар"