Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо нависандаи кувайтӣ Нодир Ал-Вусайр вохӯрӣ намуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо нависандаи машҳур Нодир Ал-Вусайр вохӯрӣ намуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати
ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо нависандаи машҳур Нодир Ал-Вусайр вохӯрӣ намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар вохӯрӣ оид ба муҳтавои китобҳои марбут ба таърихи тоҷикон, омодасозӣ ва нашри онҳо гуфтугӯ ва табодули назар доир шуд. Зимни вохӯрӣ ҳамчунин мақолаи нави нависандаи кувайтӣ бо унвони «Тоҷикон дар таърихи башарӣ ва исломӣ», ки чанде пеш дар маҷаллаи «Баён», нашрияи Анҷумани нависандагони Кувайт ба чоп расидааст, таҳлил карда шуд.
Сафир аз таваҷҷуҳи Нодир Ал-Вусайр ба таърихи Тоҷикистону Осиёи Марказӣ ва талошҳои ӯ барои муаррифии нақш, саҳми таърихӣ ва тамаддунии тоҷикон дар таърихи башарӣ изҳори қадрдонӣ намуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт