Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.
ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар шарқи вилоят бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 дараҷа ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 дараҷа ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад ва эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония вазида, дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 7-12 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 16+18 дараҷа ва рӯзона 30+32 дараҷа гарм мешавад.