Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 20.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи сентябр барои ҳар хонанда оғози марҳилаи нави таҳсил, донишомӯзӣ ва таҷрибаи нав мебошад. Бо оғози соли нави таҳсил на танҳо дарҳои муассисаҳои таълимӣ боз мешаванд,

ДУШАНБЕ, 20.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи сентябр барои ҳар хонанда оғози марҳилаи нави таҳсил, донишомӯзӣ ва таҷрибаи нав мебошад. Бо оғози соли нави таҳсил на танҳо дарҳои муассисаҳои таълимӣ боз мешаванд, балки масъулияти муштараки омӯзгорон ва падару модарон дар тарбияву таълими насли наврас низ бештар мегардад. Зеро маҳ з дар ҳамин давра реҷаи таҳсил, муносибат ба дарс, иҷрои вазифаҳои хонагӣ, муошират бо омӯзгорону ҳамсинфон ва муносибати кӯдак ба муҳити мактабӣ шакл мегирад.

Ҳамкории волидайн бо мактаб-омили пешрафт

Дар ин раванд робитаи мунтазами падару модар бо мактаб яке аз омилҳои муҳими пешрафти кӯдак мебошад. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки падару модар охирон маротиба кай ба муассисаи таълимӣ рафта, дар дарси фарзанди худ иштирок кардаанд? Муносибати оила ва мактаб набояд танҳо бо иштирок дар ҷаласаҳои падару модарон ё ҳолатҳое маҳдуд шавад, ки хонанда ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мегардад. Ин ҳамкорӣ бояд пайваста, самимӣ ва созанда бошад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳо иброз намудаанд, «мактаб, оила ва ҷомеа – ин се неруи масъулу тавоно бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд ва ба хотири таълиму тарбияи шоистаи наврасону ҷавонон дар ҳамбастагӣ ҷидду ҷаҳд намоянд».

Падару модар бояд аз раванди таҳсили фарзанд, иштироки ӯ дар дарсҳо, муносибаташ бо ҳамсинфон, иҷрои вазифаҳои хонагӣ ва иштирок дар чорабиниҳои мактабӣ огоҳ бошанд. Дар навбати худ, омӯзгор низ бояд бо эҳтиром ва масъулият ба хусусияти инфиродии ҳар хонанда муносибат намояд.

Ҳузури волидон дар дарси фарзандон

Муҳим аст, ки байни омӯзгор ва падару модар муколамаи доимӣ вуҷуд дошта бошад. Агар мушкилие пайдо шавад, онро бояд сари вақт ва дар ҳамкорӣ ҳал кард, на ин ки масъулиятро танҳо ба дӯши як ҷониб гузошт.

Нақши омӯзгор дар робитаи байни мактаб ва оила

Дар робитаи байни мактаб ва оила омӯзгор нақши муҳим дорад. Ӯ метавонад падару модарро аз пешрафтҳои фарзанд огоҳ созад, мушкилоти ӯро сари вақт ба миён гузорад ва роҳҳои ҳалли онҳоро дар ҳамкорӣ пешниҳод намояд.

Муҳим аст, ки чунин муошират танҳо ҳангоми баҳои паст ё рафтори номатлуб амалӣ нагардад. Вақте омӯзгор ба падару модар ҳамчунин дар бораи муваффақият, пешрафт ва истеъдоди фарзандаш хабар медиҳад, муносибати оила ба мактаб низ бештар созанда мегардад. Дар ин раванд омӯзгор бояд бо эҳтиром ва масъулият сухан гӯяд, зеро муносибати ӯ метавонад ба муносибати падару модар нисбат ба мактаб таъсир расонад.

Масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак

Равоншиносон иброз медоранд, ки ҳар шахс бояд аз хурдӣ таълиму тарбияи дуруст гирад, агар ҳар кор бамаврид ва сари вақт, бахусус кори таълиму тарбия дар оила иҷро шавад, самараи дилхоҳ ба даст меояд. Ба қавле, «оҳанро дар гармиаш мекӯбанд», ки исботи равшани ин гуфтаҳо мебошад. Ба андешаи равоншиносон, волидон набояд фарзандонро бо роҳи сарзаниш ба хондан водор намоянд, балки бо лутфу меҳрубонӣ ва нармгуфторӣ онҳоро ба кирдору рафтори нек ҷалб созанд.

Падару модар ва омӯзгор бояд дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак» амал намуда, ба таълиму тарбияи фарзанд эътибори ҷиддӣ диҳанд. Онҳоро дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳру вафо, садоқат ба меҳану миллат, ҳувияти баланди миллӣ, ҳифозатгари марзу буми Ватан, парчамбардорони ҳақиқӣ, донишманду соҳибкасб будан тарбия намоянд, то ки фарзандон ба муқобили амалҳои манфии ғаразнок устувор ва муқовиматпазир ба воя расанд. Имрӯз насли ҷавонеро бояд тарбия намоянд, ки дар муборизаи ҳаёт ҳар монеаи пешомадаро бартараф ва ҳар навъ мушкилоти моддию маънавии оилавиро ҳал карда тавонад ва ҳеҷ гоҳ гирифтори ноумедӣ нагардад.

Уҳдадориҳои падару модар дар таълими кӯдак

Тибқи моддаи 15-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» падару модар дар таълими кӯдак уҳдадориҳои зеринро доранд: таълим гирифтани кӯдакро таъмин намоянд; барои гирифтани таълиму тарбияи томактабии кӯдак тадбирҳо андешанд; ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумии кӯдак монеъ нашаванд; кӯдакро бо воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин карда, барои таълими ӯ шароит муҳайё намоянд ва риояи пӯшидани либосҳои дахлдори муассисаи таълимиро аз ҷониби кӯдак дар ҳама зинаҳои таҳсилот таъмин ва назорат карда, ба шакли зоҳирӣ ва санитарию беҳдошти ӯ диққат дода, бе зарурати тиббӣ барои  пешгирии ­тағйири сунъии намуди зоҳирӣ, аз ҷумла холкӯбӣ тадбир андешанд.

Ҳамчунин дар ин моддаи қонун омадааст, ки «ба кӯдаки дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ ва руҳӣ барои таҳсил кардан ва касбу ҳунар омӯхтан шароит муҳайё намоянд; донишомӯзӣ ва иштироки кӯдакро дар раванди таълим назорат карда, бо маъмурияти муассисаи таълимӣ, омӯзгорон ва кормандони дигари соҳаи маориф оид ба таълими кӯдак мунтазам ҳамкорӣ намоянд; ба омӯзиши забони давлатӣ, инчунин забонҳои хориҷӣ мусоидат намоянд; дар ҷаласаҳои падару модар ва чорабиниҳои дигари муассисаи таълимӣ фаъолона иштирок намоянд; талаботи дахлдори қоидаву тартибот ва санадҳои дохилии муассисаи таълимиро, ки кӯдак дар он таълим мегирад, риоя намоянд».

Зарангези ЛАТИФ, АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"