Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 21.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Тарғиби либоси миллӣ ва одобу муошират-омили ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ»- таҳти чунин унвон дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ баргузор гардид,
ДУШАНБЕ, 21.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. « Тарғиби либоси миллӣ ва одобу муошират-омили ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ»- таҳти чунин унвон дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Чорабинӣ бо мақсади гиромидошти арзишҳои миллӣ, тарғиби одобу муошират ва шиносоӣ бо либоси миллии минтақаҳои гуногуни кишвар доир гардид. Ҳадафи он аз баланд бардоштани таваҷҷуҳ ба фарҳанги миллӣ, эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ ва таҳкими муносибатҳои нек дар ҷомеа иборат буд.
Либоси миллӣ бозгӯйи таърих, ҳунар ва завқи зебоипарастии мардуми тоҷик буда, одобу муошират дар эҳтироми якдигар, суханварии нек ва рафтори шоиста зоҳир мегардад. Пос доштани ин арзишҳо ба таҳкими худшиносии миллӣ ва ба наслҳои оянда расонидани мероси ғании фарҳангӣ мусоидат менамояд.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон