Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии Беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 20.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздиди корӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии Беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилоятиро
ДУШАНБЕ, 20.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздиди корӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии Беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилоятиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур аз 7 ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 3204 метри мураббаъ мебошад.
Беморхона барои қабул ва табобати 200 нафар дар як вақт пешбинӣ шуда, дар он шуъбаҳои нави иловагии тахассусӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон ташкил карда шудаанд, ки сифати хизматрасониҳоро ба ниёзмандон ба таври назаррас боло бардоштааст.
Бо таҷҳизоти нави муосири тиббӣ таъмин гардидани беморхона барои фаъолияти самараноки мутахассисон шароити мусоид фароҳам овардааст.
Ба ғайр аз бахши табобатӣ, дар бинои нав барои пешбурди корҳои муҳимми илмию таълимӣ шароити мусоид фароҳам буда, дар он утоқҳои махсуси таълимӣ, толори баргузории конфронс ва машғулиятҳои амалӣ ташкил карда шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити бинои нав ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки давлат ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, бахусус кӯдакону наврасон таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.
Таъмини саломатии кӯдакон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, барои таъмини солимии насли наврас, баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ ва ташаккули ҷомеаи солим заминаи устувор фароҳам меорад.
Бинои нав бо дар назар гирифтани талаботи муосири соҳаи тандурустӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, барои қабули беморон, гузаронидани муоинаҳои тиббӣ, ташхиси саривақтӣ ва анҷом додани табобати зарурӣ имкониятҳои муносиб фароҳам меорад.
Таъсиси 120 ҷойи корӣ дар муассиса барои ҷалби мутахассисони соҳа ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти кормандони тиб низ заминаи зарурӣ муҳайё сохтааст.
Ифтитоҳи бинои нави Беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилояти Суғд қадами дигар дар самти татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди инфрасохтори соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ арзёбӣ мегардад.