ИМРӮЗ — РӮЗИ РӮДАКӢ. Ба ин муносибат конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир мешавад
АМИТ "Ховар" · · g1221874
ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 22 сентябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ таҳти унвони «Рӯдакӣ- эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус
ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 22 сентябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ таҳти унвони «Рӯдакӣ- эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ хабар доданд.
Конференсия бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардида, дар он олимону муҳаққиқони тоҷик ва хориҷӣ иштирок мекунанд.
Мавзуъҳои «Ҷойгоҳи устод Рӯдакӣ дар илми филологияи тоҷик», «Устод Рӯдакӣ дар таҳқиқу тасвири Сотим Улуғзода», «Нигоҳе ба нахустин қасидаи комил дар адабиёти тоҷикии форсӣ», «Нубуғи шоирии Рӯдакӣ», «Мусиқии калом дар шеъри Рӯдакӣ», «Ҷойгоҳи Рӯдакӣ дар шеъри Амир Муиззӣ», «Аҳаммияти ҷаҳонии ашъори Рӯдакӣ» ва ғайра аз ҷониби олимону муҳаққиқон мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон ҳамасола 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мегардад. Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (858-941) бунёдгузори адабиёти тоҷикию форсист, ки бо афкору осори оламшумулаш дар рушди илму фарҳанги аҳди Сомониён саҳми бузург гузоштааст.
Осори Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ҳамеша пур аз ҳикмат, пур аз таҷрибаи рӯзгор ва санъати олии шеърӣ буда, то имрӯз ҳазорҳо шоирону адибонро тарбия намудааст.
Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Рӯдакӣ монанди як пайкарасози моҳир бо забони модарии мо пойдевори шеъри классикии тоҷику форсро бунёд ниҳод. Номи Рӯдакӣ ҳамчун рамзи ягонагии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, чун рамзи дӯстии халқҳо ва нишонаи сулҳу сафо, адолатпарварӣ, инсондӯстӣ ва ифтихори миллӣ ҷовидона боқӣ мемонад».
АКС: АМИТ «Ховар»