Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд

АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 23 сентябр Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллии худро таҷлил менамояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар». Бахшида ба ин санаи таърихӣ дар шаҳри Душанбе бо

ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 23 сентябр Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллии худро таҷлил менамояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар». Бахшида ба ин санаи таърихӣ дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҷамъомад баргузор гардид, ки дар он Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холид ибни Абдуллоҳ аш-Шамронӣ ва Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода сухан намуданд.

Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди иштирокдорони ҷамъомад доир ба таърихи Рӯзи миллии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ иброз дошт, ки Рӯзи миллии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба таърихи 23 сентябри соли 1932 рост меояд. Дар ин рӯз кулли минтақаҳои мамлакат бо ҳам муттаҳид гардида, мамлакате бо номи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз ҷониби зиндаёд, шоҳи асосгузор, подшоҳ Абдулазиз ибни Абдурраҳмон Оли Сауд арзи ҳастӣ намуд. То имрӯз Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ ва илмию фарҳангӣ, технологию инноватсия ба дастовардҳои назаррас дар сатҳи байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ ноил гардид. Имрӯз Шоҳигарӣ ҷашни Рӯзи миллиро зери сарварии шоҳ Салмон ибни Абдулазиз- Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон Валиаҳд- Раиси Шурои вазирон таҷлил менамояд. Шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон Валиаҳд Раиси Шурои вазирони Шоҳигарӣ ташаббускори Барномаи стратегии «Диди Арабистони Саудӣ -2030» мебошад.

Бо дахли ҳамкории мутақобили судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ гуфта шуд, ки Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз нахустин давлатҳо буд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд. Аз он вақт ин ҷониб муносибатҳои байни ду давлат бемайлон рушд ёфта, аз марҳилаи таъсис ба уфуқҳои васеътари ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, рушд, фарҳангӣ ва гуманитарӣ расидаанд. Бо шарофати сарпарастӣ ва таваҷҷуҳи Ходими Ҳарамайни Шарифайн шоҳ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд, Валиаҳд, Раиси Шурои вазирон шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дӯстона байни ду кишвари бародар бо назардошти аҳамияти пайвастаи рушд ва дастгирии раванди сулҳу оромӣ дар минтақа ва ҷаҳон уфуқҳои тоза ба тозаи ҳамкориро тай карданд. Ҳамчунин мероси тамаддун ва фарҳанги муштарак, робитаҳои таърихӣ ва арзишҳои инсонӣ ду миллатро ба ҳам наздиктар карда, дар таҳкими риштаҳои ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ дар самтҳои гуногун барои манфиатҳои муштарак саҳм гузоштаанд.

Давоми даҳсолаҳои охир муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ рушд ёфта, бо анҷоми сафарҳои расмӣ, машваратҳои мунтазами сиёсӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ байни ниҳодҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ тақвият ёфтаанд. Дар самти рушд Шоҳигарии Арабистони Саудӣ тавассути ниҳодҳои рушд ва кумакҳои башардӯстонаи худ дар дастгирии якчанд лоиҳаҳои афзалиятнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ташаббусҳо дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор ва тандурустӣ, инчунин дигар бахшҳои ҳаётан муҳим саҳм гузоштааст. Ин ташаббус дар доираи Фонди рушди Арабистони Саудӣ бо дастгирии раванди рушди Тоҷикистон амалӣ мегардад. Ду давлат дар робита ба масъалаҳои сершумори дорои аҳамияти байналмилалӣ — аз ҷумла амнияти об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист, рушди устувор ва амнияти инсонӣ ҳадафҳо ва дидгоҳҳои муштарак доранд. Инҳо соҳаҳои ҳаётан муҳиме мебошанд, ки дар доираи «Диди 2030»-и Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҷойгоҳи барҷаста ва афзалияти баландро ишғол намуда, нақши рушддиҳанда ва башардӯстонаро ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ инъикос мекунанд.

Марзия САИДЗОДА, АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Источник: АМИТ "Ховар"