Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст

АМИТ "Ховар" ·

Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст

ДУШАНБЕ, 21.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт ба тариқи фосилавӣ 7 иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла Осоишгоҳи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди

ДУШАНБЕ, 21.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт ба тариқи фосилавӣ 7 иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла Осоишгоҳи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бунёд», воқеъ дар мавзеи Аксикони деҳоти Меҳрободи ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Осоишгоҳ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо назардошти талаботи замони муосир аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Истамой Мадалиева сохта шуда, барои қабули шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароити муносиби истироҳату табобат пешбинӣ шудааст. Иншоот дорои 120 кат буда, баъди анҷоми сохтмон ва омодасозии инфрасохтори зарурӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дар бинои нави осоишгоҳ барои 30 нафар ҷойи кори доимӣ ташкил карда шудааст.

Ин иншоот дар мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт, ки бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст, сохта, ба истифода дода шуд. Дар он гирифторони бемориҳои буғумдард, миёндард, остеохондроз ва баъзе бемориҳои системаи асаб табобат карда мешаванд. Ҳамчунин дар ҳудуди осоишгоҳ боғу гулгашт, иншооти хизматрасонӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ бунёд шуда, барои истироҳати шаҳрвандон ва меҳмонон шароити муносиб фароҳам оварда шудаст.

Дар ин макон мизоҷон бештар бо лойқаи табиӣ табобат карда мешаванд. Солҳои қабл бинобар маҳдуд будани имконият табобатгирандагон моҳҳои июн, июл, август ва сентябр ба осоишгоҳ омада, худро муолиҷа менамуданд. Инчунин дар ин осоишгоҳ шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ низ табобат мегиранд. Баъди пурра ба истифода додани биноҳои асосӣ дар осоишгоҳ имкони қабули шаҳрвандон дар тамоми фасли сол фароҳам оварда мешавад.

Оби шуркӯли Аксикон давобахши бемориҳои пӯст, аз ҷумла псориаз, экзема ва бемориҳои замбурӯғӣ ба ҳисоб меравад. Обу ҳавои Аксикон барои бемориҳои роҳи нафас ва бронхити аллергӣ низ манфиати зиёд дорад. Ҳамзамон дар табобатгоҳ ҳуҷраҳои физиотерапевтӣ бо таҷҳизоти муосир таъмин мебошанд.

Лойи шифобахши ин осоишгоҳ моддаи сиёҳранг, равғанӣ ва саршор аз таркиботи маъданӣ ва органикӣ аст. Дар таркиби он беш аз 93 унсур ва таркиби кимиёвии мухталиф, ба монанди хлориди натрий, сулфиди натрий, таркиботи алюминий ва оҳан, бор, магний, калий ва фосфор мавҷуд мебошанд. Инчунин он дорои моддаҳои фаъоли зистӣ ё биологӣ, витаминҳо, ферментҳо, аминокислотаҳо, антибиотикҳои табиӣ ва микроорганизмҳо аст.

Дар фасли тобистон ҳарорати лой ба беш аз 40 дараҷа мерасад. Ба таҳлили мутахассисони соҳаи тандурустӣ, гармо ва таркиботи зистфаъоли мавҷуд дар гил боиси беҳбуди гардиши хун, афзоиши мубодилаи ҳуҷайраҳо (метаболизм), тақвияти системаи асаб ва афзоиши суръати тармими бофтаҳои осебдида мегардад.

Бунёди осоишгоҳи замонавӣ дар Аксикон имкон медиҳад, ки захираҳои табиии мавзеъ самаранок истифода шуда, иқтидори сайёҳии табобатии ноҳия афзоиш ёбад. Ҳамзамон ҷалби сайёҳон ва меҳмонон ба ин гӯшаи зебои ноҳияи Ашт метавонад ба рушди хизматрасонӣ ва иқтисоди маҳаллӣ мусоидат кунад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА, АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон /АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"