Дар иншооти ҷашнии ноҳияи Ашт корҳои ободониву созандагӣ идома доранд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ва бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ашт якчанд иншооти гуногун сохта, ба истифода дода шуданд. Тавре ба АМИТ

ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ва бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ашт якчанд иншооти гуногун сохта, ба истифода дода шуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт иттилоъ доданд, дар деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Ашти ноҳия Маркази хизматрасонии «Дилёр» ба истифода дода шуд. Маркази хизматрасонӣ бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Бахтиёр Абдухалилов сохта шудааст.

Дар Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт бо иқдомҳои ватандӯстонаи соҳибкорони маҳаллӣ иншооти дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бунёд гардиданд. Дар деҳаи Сарои Ҷамоати деҳоти Понғоз иншооти даромадгоҳи деҳа мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти мазкур бо харҷи 100,0 ҳазор сомонӣ бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Шодӣ Ахмедов ва дастгирии мардуми маҳал сохта шуд. Инчунин қисмати поёнӣ ва болоии роҳи асоси деҳа мумфарш гардид.

Дар мавзеи Пули Ҳоҷаки деҳаи Понғоз пули маҳаллӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Ин иншоот бо риояи талаботи сохтмонӣ сохта шуда, барои нақлиёт ва равуои сокинон аз ду тараф пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин дар ин қисмати мавзеъ 1,1 километр роҳи дохилӣ мумфарш карда шуд.

Дар маҳаллаи Судҷаи деҳаи Понғоз сохтмони муассисаи томактабӣ идома дорад. Ин иншоот аз ҷониби соҳибкорон Мақсудҷоновҳо маблағгузорӣ гардид. Бинои муассиса аз се ошёна иборат буда, барои 150 тарбиятгиранда пешбинӣ гардидааст.

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Даҳанаи Ҷамоати шаҳраки Шайдон бунгоҳи саломатӣ ифтитоҳ гардид. Иншоот аз ҳуҷраи қабулу муоинаи беморон ва утоқи корӣ барои табибон иборат буда, барои расонидани кумаки аввалини тиббӣ, муоина ва назорати доимии беморону муроҷиаткунандагон хизмат мекунад.

Ҳамчунин дар деҳаи Ашти Ҷамоати Ашт 3 километр роҳи дохилӣ ба маблағи беш 1,5 миллион сомонӣ мумфарш гардид. Дар маҳаллаи Ҷавонон хати оби нӯшокӣ бо инфрасохтор ва фарогирии 150 хонавода бо дастгирии соҳибкорону аҳолии маҳал кашида шуд.

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и  ноҳия бо ташаббуси сокинони маҳал ва соҳибкорони дохилию берунӣ сохтмони толори варзишӣ идома дорад. Дар ноҳия аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Наврӯз Ашӯров бо харҷи зиёда аз 800 ҳазор сомонӣ Маркази савдо ва хизматрасонӣ сохта, ба истифода дода шуд.  Ин иншоот аз ду ошёна иборат мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт

Источник: АМИТ "Ховар"