Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба
ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи идоракунии давлатӣ хабар медиҳад, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ 21 сентябр дар шаҳри Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин зимни мулоқоти роҳбарияти Донишгоҳи технологии Ланҷоу бо ҳайати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректори академия Даврон Сафарзода ба имзо расонида шуд.
Санад барои рушди ҳамкорӣ дар самтҳои таҳсилот, таҳқиқоти илмӣ, табодули академӣ ва робитаҳои байналмилалӣ замина фароҳам меорад. Аз ҷумла, табодули омӯзгорону донишҷӯён, ташкили барномаҳои таълимӣ ва таҷрибаомӯзӣ, таҳқиқоти муштарак доир ба Осиёи Марказӣ ва иқтисоди минтақавӣ, инчунин баргузории чорабиниҳои илмӣ пешбинӣ шудааст.
Ҷонибҳо дар ҷараёни музокирот инчунин масъалаҳои ташкили барномаҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ барои хизматчиёни давлатӣ ва маъмурии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани барномаи муштараки таълимиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бо назардошти 35-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Чин дар соли 2027 аз ҷониби академия пешниҳод гардид, ки лоиҳаи муштараки илмӣ ба роҳ монда шавад. Яке аз натиҷаҳои он метавонад таҳия ва нашри маҷмуаи муштараки корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо иштироки олимони ҳар ду муассиса бошад.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки имзои Ёддошти тафоҳум бояд ба татбиқи ташаббусҳои мушаххаси таълимӣ ва илмӣ мусоидат намуда, барои рушди минбаъдаи робитаҳои академия ва донишгоҳ заминаи устувор фароҳам оварад.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон