Дар ноҳияи Восеъ мумфаршкунии роҳҳо вусъати тоза меёбад
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 20.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ вусъати тоза пайдо намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти
ДУШАНБЕ, 20.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ вусъати тоза пайдо намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ хабар доданд.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми шахсони саховатманду сокинони деҳаи Кадучии Ҷамоати деҳоти Бобошоиёни ноҳия корҳои ободонию созандагӣ идома доранд. Сокинони деҳаи Кадучии ин ҷамоат тасмим гирифтаанд, ки роҳи дохили деҳаро ба масофаи 300 метр ҳамвор ва асфалтпӯш намоянд. Дар корҳои ободонӣ ҷавонони деҳа саҳми бештар доранд. Роҳе, ки бунёд карда истодаанд, 7 метр паҳноӣ дорад. Ин роҳ қисмати болоии деҳаро бо қисмати поёнӣ мепайвандад ва бехатарии равуои хонадагонро ба мактаб таъмин менамояд.
Ҳамзамон дар ду паҳлуи роҳ таҷҳизоти равшанидиҳанда васл карда шудаанд. Баъди анҷоми пурраи мумфаршкунӣ хатҳои уфуқӣ ва нишонаҳои пиёдагард кашида мешаванд. Таъмиру мумфарш гардидани роҳҳои маҳаллӣ мушкилоти сокинони деҳотро ҳангоми рафтуомад ба маркази ноҳия осон мегардонад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ