ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 сентябр, якшанбе, 263-юмин рӯзи соли 2026 аст

АМИТ "Ховар" ·

20 сентябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси умумии сатҳи олии Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба масъалаҳои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола суханронӣ намуданд. *** 20

20 сентябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси умумии сатҳи олии Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба масъалаҳои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола суханронӣ намуданд.

***

20 сентябри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия сафар намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Ню-Йорк Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва яке аз аввалинҳо шуда, суханронӣ намуданд.

***

20 сентябри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ»—ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуданд.

20 СЕНТЯБР:

Рӯзи кормандони соҳаи хоҷагии ҷангал ва саноати коркарди чӯб.

***

Рӯзи ҷаҳонии тозагӣ.

***

Рӯзи байналмилалии варзиши донишҷӯён.

***

Дар Беларус – Рӯзи гумрукчиён.

***

Дар Қирғизистон – Рӯзи соҳибкорон.

***

Дар Осетияи Ҷанубӣ – Рӯзи истиқлолият.

РӮЙДОДҲО:

20 сентябри соли 1993 Парлумони Озарбойҷон барои дохил шудан ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарор қабул кард.

***

20 сентябри соли 2016 узви собиқи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс Сергей Харитонов ба рӯйхати навшудаи беҳтарин муборизони ҷаҳон ворид гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1802 дар Русия аввалин маротиба вазоратҳои мудофиа, корҳои хориҷӣ ва корҳои дохилӣ таъсис дода шуданд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Ҷалол Икромӣ – соли 1909 — Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.

***

Гулназар Келдӣ – соли 1945 — Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.

Источник: АМИТ "Ховар"