Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Италия иштирок намуданд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр дар шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) оид ба амалҳо дар самти «Солимии ягона» дар низомҳои кишоварзӣ

ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/.   21 сентябр дар шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) оид ба амалҳо дар самти «Солимии ягона» дар низомҳои кишоварзӣ ва озуқаворӣ доир гардид, ки дар он Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода ва муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода иштирок намуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи бехатарии озуқаворӣ  хабар медиҳад, дар конфронси сатҳи баланд масъалаҳои муҳими татбиқи амалии равиши «Солимии ягона» дар низомҳои кишоварзӣ ва озуқаворӣ, таҳкими ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ, пешгирии хавфҳои ба саломатии инсон, ҳайвонот ва муҳити зист таъсиррасонанда ва муайян намудани роҳҳои таъмини истеҳсолоти бехатару устувори озуқаворӣ баррасӣ шуданд.

Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Муҳаммадсаид Файзуллозода дар ҷаласаи пленарӣ дар мавзуи «Баланд бардоштани амнияти озуқаворӣ тавассути низомҳои солимии истеҳсолот» маъруза намуд. Дар маъруза таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва татбиқи принсипҳои «Солимии ягона» муаррифӣ гардида, аҳаммияти ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва байнисоҳавӣ дар самти ҳифзи саломатии инсон, ҳайвонот, растаниҳо ва муҳити зист таъкид карда шуд.

Муҳаммадсаид Файзуллозода зарурати таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ва кумаки техникӣ барои рушди соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла муосирсозии лабораторияҳо, такмили низоми назорати бехатарии озуқаворӣ, рушди системаҳои рақамии пайгирии маҳсулот, идоракунии захираҳои об, беҳтар намудани ҳолати хок ва рушди истеҳсолоти устувори кишоварзиро таъкид намуд.

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар конфронс оид ба низомҳои кишоварзӣ ва озуқаворӣ ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, мубодилаи таҷриба ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ барои рушди низомҳои устувор, бехатар ва солими истеҳсоли озуқаворӣ мусоидат менамояд.

АКС: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"