Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти коргоҳи нави орди ҶДММ «Ирода Инвест» оғоз бахшиданд

АМИТ "Ховар" ·

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти коргоҳи нави…

ДУШАНБЕ, 20.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварданд. Нахуст, Сарвари

ДУШАНБЕ, 20.09.2026 /АМИТ «Ховар»/.   20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварданд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти коргоҳи нави орди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ирода Инвест расман оғоз бахшиданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи нав бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, иқтидори коркарди то 600 тонна гандумро дар як шабонарӯз дорад. Дар корхона таҷҳизоти мукаммали коркарди гандум, анбори нигоҳдории ашёи хом бо ғунҷоиши 28000 тонна ва анбори нигоҳдории маҳсулоти тайёр мавҷуд мебошад.

Таъкид гардид, ки орд дар ин ҷо асосан аз гандуми навъҳои Хайпро ва Дурум истеҳсол шуда, дар омода кардани хамираи питса, баъзе навъҳои нон, самбӯса ва дигар маҳсулоте истифода мешавад, ки устуворӣ ва сифати баланди хамирро талаб мекунанд. Ба роҳ мондани чунин истеҳсолот имкон медиҳад, ки талаботи бозори дохилӣ ба маҳсулоти босифати ватанӣ бештар таъмин гардад.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳ 50 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуданд. Ин иқдом дар баробари рушди истеҳсолот ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард.

Корхона ҳамчунин дорои коргоҳи нави механикӣ мебошад, ки барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти худаш бунёд гардидааст. Коргоҳ барои таъмиру нигоҳдорӣ ва хизматрасонии техникии таҷҳизоти истеҳсолӣ пешбинӣ шуда, дар он корҳои омодасозии қисмҳои эҳтиётӣ, кафшергарӣ, васлкунӣ ва мисли инҳо анҷом дода мешаванд.

Ба истифода додани коргоҳи механикӣ сифати хизматрасонии техникиро беҳтар намуда, боиси кӯтоҳ гардидани муҳлати таъмири таҷҳизот, коҳиши хароҷоти истеҳсолӣ ва баланд гардидани самаранокии фаъолияти корхона мегардад.

Дар идомаи боздид Сарвари давлат аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ирода Инвест боздид намуданд.

Дар намоишгоҳ маҳсулоти гуногуни истеҳсоли ватанӣ, ки дар корхонаҳои ҷамъияти мазкур истеҳсол мешаванд, ба намоиш гузошта шуда буд. Аз ҷумла, навъҳои гуногуни орд, маҳсулоти ордӣ, равғани растанӣ ва мисли инҳо пешниҳод гардиданд.

Зимни боздид Пешвои миллат бо намуд ва сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда шинос шуда, ба иқдомҳои соҳибкорону истеҳсолкунандагон дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ баҳои баланд доданд.

Таъкид гардид, ки рушди истеҳсолоти ватанӣ, коркарди ашёи хом, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва зиёд намудани ҳаҷми содирот аз самтҳои муҳимми сиёсати иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад.

Дар ин замина ба соҳибкорон ҷиҳати истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулот мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот, ҷалби мутахассисони соҳибтахассус ва саҳмгузории бештар дар татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои судманд доданд.

Источник: АМИТ "Ховар"