Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Русия хабар доданд, дар чорабинии ҷашнӣ намояндаи вазорати корҳои хориҷии Русия дар шаҳраи Екатеринбург, Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва иқтисоди хориҷии вилояти Свердловск, вакилони Маҷлиси қонунгузории вилояти Свердловск, корпуси дипломатӣ, доираҳои сиёсию соҳибкорӣ, ходимони илму фарҳанг ва ҳамватанон ҳузур доштанд.
Дар доираи чорабинӣ намоишгоҳи молу маҳсулоти ватанӣ, меваҳои тару хушк ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили либосҳои миллӣ, сӯзанӣ, чакан ва ашёи дастӣ аз сангу чӯб, инчунин имконоти сайёҳӣ ташкил гардид.
Ҳамзамон барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
АКС: Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург