Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба раванди иҷрои муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак гузориш пешниҳод намуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 20.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири адлияи мамлакат Музаффар Ашуриён дар ҷаласаи 101-уми Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак гузориши навбатии

ДУШАНБЕ, 20.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири адлияи мамлакат Музаффар Ашуриён дар ҷаласаи 101-уми Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак гузориши навбатии даврии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, дар раванди муҳокима бо аъзои Кумита ва гузоришгарони кишварӣ нишондиҳандаҳо ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, аз ҷумла кӯдакони дорои маъюбият, пешбурди ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон ва хариду фурӯши кӯдакон, таҳсилот, тандурустӣ ва дигар ҷанбаҳои татбиқи Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар доираи ислоҳоти қонунгузорӣ ва иҷрои тавсияҳои Кумита муаррифӣ гардиданд.

Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак ба муколамаи созанда ва таҳлили таҳаввулоти мусбат, инчунин ба омодагии Тоҷикистон барои идомаи баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳими соҳаи мазкур баҳои баланд дод.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Источник: АМИТ "Ховар"