Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр дар доираи иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк ба намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд. Тавре
ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр дар доираи иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк ба намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар маросим Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуда, аз сатҳи баланди ҳамкории фарогир ва созандаи Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ изҳори сипос намуд.
Вазири корҳои хориҷӣ барои саҳми арзишманд дар таҳкими ҳамкорӣ ва рушди муносибатҳои ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мудири иҷроияи амалиёти Бонки ҷаҳонӣ Анна Бйерде ва ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани мукофоти давлатии Ордени «Дӯстӣ» тақдим намуд.
Дар навбати худ Анна Бйерде ва Антонелла Бассани барои сарфароз гардонида шудан бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ордени «Дӯстӣ» изҳори сипос намуда, ин қадршиносиро нишонаи баланди эътимод ва эътирофи саҳми онҳо дар рушди ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карданд.
Онҳо ҳамзамон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат барои ин қадршиносии арзишманд миннатдорӣ баён намуда, барои идомаи мусоидат ба таҳкими ҳамкории судманд ва шарикии дарозмуддат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ изҳори омодагӣ доштанд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон