Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 21.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар доираи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» филми ҳунарии «Борбад – сарнавишти хунёгар»-ро таҳия менамояд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз

ДУШАНБЕ, 21.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар доираи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» филми ҳунарии «Борбад – сарнавишти хунёгар»-ро таҳия менамояд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин муассиса хабар доданд, филм ба ҳаёт ва фаъолияти яке аз бузургтарин нобиғаҳои мусиқии давраи Сосониён — Борбади Марвазӣ бахшида мешавад. Қисматҳои асосии филм дар мавзеъҳои таърихию фарҳангии Хуҷанд, Балҷувон, Ҳисор ва павилионҳои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба навор гирифта мешаванд.

Филм саргузашти Борбадро аз даврони кӯдакӣ то расидан ба қуллаҳои баланди ҳунарӣ бозгӯйӣ мекунад. Филм инчунин ҳаёти Хусраву Ширин, аҳли дарбор, ҷашни Наврӯз, суннатҳои зардуштӣ, рушди илму ҳунар ва фазои фарҳангии давлати Сосониёнро низ инъикос хоҳад кард.

Филм бозгӯйи он мегардад, ки давлатҳо метавонанд аз байн раванд, аммо ҳунари асил ва мероси фарҳангӣ дар хотираи таърих ҷовидон мемонад.

АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

Источник: АМИТ "Ховар"