ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 сентябр, душанбе, 264-умин рӯзи соли 2026 аст
АМИТ "Ховар" ·
21 сентябри соли 2001 маросими баистифодадиҳии қитъаи роҳи мошингарди «Кӯлоб-Хоруғ-Мурғоб-Кулма» баргузор гардид. *** 21 сентябри соли 2010 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими муаррифии
21 сентябри соли 2001 маросими баистифодадиҳии қитъаи роҳи мошингарди «Кӯлоб-Хоруғ-Мурғоб-Кулма» баргузор гардид.
***
21 сентябри соли 2010 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими муаррифии «Ҳадафҳои ҳазорсола: дастовардҳои Тоҷикистон» суханронӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Ню-Йорк Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорони Амрико мулоқот намуданд.
***
21 сентябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар 80-умин иҷлосияи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорк сафар намуданд.
21 СЕНТЯБР:
Рӯзи байналмилалии сулҳ.
***
Рӯзи ҷаҳонии миннатдорӣ.
***
Дар Аргентина – Рӯзи донишҷӯён.
***
Дар Арманистон — Рӯзи истиқлолият.
***
Дар Бразилия – Рӯзи дарахтшинонӣ.
РӮЙДОДҲО:
21 сентябри соли 1920 Шурои комиссарони халқии Украина дар мактабҳо омӯзиши ҳатмии забони украиниро ҷорӣ кард.
***
21 сентябри соли 1958 дар натиҷаи тӯфони сахт дар Токио зиёда аз 680 нафар ба ҳалокат расиданд.
***
21 сентябри соли 1991 99% аҳолии Арманистон дар раъйпурсӣ барои ба даст овардани истиқлолият овоз доданд.
***
21 сентябри соли 2017 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об иштирок ва суханронӣ намуданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1920 аввалин шумораи рӯзномаи чехӣ- «Қонуни конститутсионӣ» нашр шудааст.
***
Соли 2008 дар марҳилаи финалии Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дастаи футболи Тоҷикистон «Регар-ТадАЗ» ғалаба ба даст овард.