ҲИФЗУ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИТТИЛОТИИ КӮДАКОН ДАР ДУНЁИ РАҚАМӢ. Чӣ гуна амнияти иттилоотии онҳоро таъмин намоем?
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 20.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло зарурат ба миён омадааст, ки дар байни қишрҳои гуногуни аҳолӣ, алалхусус ҷавонону наврасон фарҳанги истифодаи шабакаи интернет, телефонҳои мобилӣ, зеҳни сунъӣ ва бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ
ДУШАНБЕ, 20.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло зарурат ба миён омадааст, ки дар байни қишрҳои гуногуни аҳолӣ, алалхусус ҷавонону наврасон фарҳанги истифодаи шабакаи интернет, телефонҳои мобилӣ, зеҳни сунъӣ ва бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ дуруст ва мунтазам фаҳмонида шавад. Чунин иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 31 августи соли 2026 зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-и шаҳри Душанбе.
– Дар шароити муосир афкори ҷамъиятӣ ва махсусан зеҳну тафаккури наврасону кӯдаконро муҳити маҷозӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои рақамӣ ташаккул медиҳанд. Тамоми арзишҳо, тарзи ҳаёт, гуфтору рафтори ҷомеа таҳти таъсири муҳтавои иттилоотии интернетӣ қарор гирифта, дар аксар ҳолат ҳамчун меъёр ба шуури наврасон роҳ ёфта, ба тадриҷ ба сабки ҳаёт мубаддал мегардад.
Бо назардошти густариши истифодаи интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва бозиҳои компютерӣ, хатари афзоиши рафторҳои номатлуб, аз ҷумла тамоюл ба хушунат, таҷовуз, пастшавии сатҳи таҳаммулпазирӣ ва коҳиши назорати ахлоқӣ байни наврасон зиёд мегардад. Мавҷудияти холигии тарбиявӣ, заъфи назорати иҷтимоӣ ва пастшавии сатҳи эътимоди наврасон ба калонсолон боиси пайдоиши мушкилоти равонӣ ва иҷтимоӣ гардида, дар баъзе ҳолат барои зуҳуроти хушунатомез дар муҳити мактаб ва ҷомеа замина фароҳам меорад.
Омилҳои асосии ташаккули хушунат байни наврасон ба интернет вобастагӣ ва пайванд дошта, муайян намудани хатарҳои иҷтимоӣ-равонӣ, таҳияи хулосаҳои илмӣ ва пешниҳоди тадбирҳои амалӣ барои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва таъмини амнияти иҷтимоӣ дар муҳити наврасон тадбири муҳим ба шумор меравад.
Имрӯз давлатҳои мухталифи ҷаҳон, ки таъсири манфии интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро ба рафтори кӯдакон ва наврасон мушоҳида намудаанд ва вобастагии аз эътидол зиёд аз интернетро ба унвони як бемории равонии иҷтимоӣ эътироф кардаанд, барои ҳимояи кӯдакон аз ин хатари замони муосир тадбирҳои муассир меандешанд.
Дар робита ба вазъи кунунии наврасону ҷавонони мамлакат 31 август Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-и шаҳри Душанбе иброз намуданд, ки; «мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир истифодаи беназорати телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ нигаронкунанда гардидааст. Коршиносону таҳлилгарони мустақили созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ низ дар гузоришҳои худ борҳо таъкид намудаанд, ки телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ диққати хонандагонро парешон карда, ба таҳсили онҳо халал мерасонанд. Аллакай, як қатор давлатҳои мутараққӣ истифодаи телефонҳоро барои хонандагони синни то 16-сола дар шаклҳои гуногун манъ кардаанд. Бояд гуфт, ки ҳама гуна иттилоот хусусияти синнусолӣ дорад. Вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин меъёр умуман риоя намегардад ва бо ҳамин сабаб қисми зиёди кӯдакону наврасон, аллакай, таҳти таъсири манфии чунин иттилоот қарор гирифтаанд. Истифодаи бемеъёру беназорати телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба солимии равонӣ, хоб, нутқ, ҳофиза, қобилияти азхудкунии саводу дониш, фаъолият ва рушди ҷисмонии онҳо зарари ҷиддӣ расонида шудааст. Хонандагон ба ҷои он, ки китоб хонанд, малакаҳои худро ташаккул диҳанд ё ба варзиш машғул шаванд, соатҳои зиёдро дар фазои маҷозии шабакаҳои иҷтимоӣ сарф менамоянд».
Бо оммавигардии истифодаи телефон ва корбурди интеренет ва бетафовут набудан нисбат ба насли оянда вобаста ба он ки шабакаи ҷаҳонии интернет дастрасиро барои ҳамагон дар истифодаи маводи мухталиф фароҳам овардааст, зарурат пеш омадааст, то барои мунҳариф нагардидани наврасону ҷавонон тадбирҳои хосса дар самти мазкур татбиқ гардад. Ҷорӣ кардани баъзе маҳдудияти синусолӣ хоси минтақаи алоҳидаи олам набуда, хосияти глобалӣ касб намудааст. Давлатҳои алоҳида иқдоми амалӣ намудани тадбирҳои хосро кардаанд. Австралия манъи бақайдгирӣ дар шабакаҳои иҷтимоиро барои шахсони аз 16-сола поён ҷорӣ менамояд, ки ин яке аз иқдомҳои хос дар самти маҳдуд намудани фаъолияти рақамии кӯдакон ба ҳисоб меравад. Дар Осиё, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ нисбат ба вақти истифодаи интернет маҳдудияти сахт татбиқ мекунанд. Дар Чин дастрасии ноболиғон ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва бозиҳои онлайнӣ аз соати 22:00 то 06:00 маҳдуд гардида, вақти умумии иштирок дар бозиҳо на бештар аз 3 соат дар як ҳафта иҷозат дода мешавад. Дар Кореяи Ҷанубӣ низ қоидаҳои ба ин монанд аз нимашаб то соати 06:00 амал мекунанд.
Фаронса барои кӯдакони то 15-сола гирифтани розигии волидонро ҳатмӣ мекунад. Британияи Кабир соли 2024 қонун оид ба таъмини амнияти интернетиро қабул намуд, ки платформаҳоро уҳдадор месозад муҳтавои зарароварро масдуд намоянд. Олмон, Италия ва Белгия барои бақайдгирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ то 16-солагӣ розигии волидонро талаб мекунанд.
Сарвазири Испания Педро Санчес эълон кард, ки Мадрид дастрасӣ ба кӯдакони то 16-соларо аз шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад. Норвегия ният дорад ҳадди синни иҷозатро то 15 сол боло барад, дар ҳоле ки Испания маҳдуд намудани истифодаи смартфонҳоро то 16-солагӣ тавсия медиҳад. Шветсия ва Юнон барномаҳои махсусро барои маҳдуд кардани дастрасии кӯдакон ба шабакаҳои иҷтимоӣ таҳия менамоянд.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тарҳи қонунеро баррасӣ мекунад, ки истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои кӯдакони то 13-сола манъ намуда, барои наврасон назорати ҳатмии волидонро талаб мекунад.
Русия ва дигар давлатҳо ҷорӣ намудани маҳдудияти вақтро пешниҳод мекунанд – то 2 соат дар як шабонарӯз барои наврасон, инчунин истифодаи назорати волидон ва филтрҳои муҳофизатиро тавсия медиҳанд.
Дар шароити рақамикунонии босуръат, рушди пайвастаи технологияҳои иртиботӣ ва рушди шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои ахбори электронӣ сатҳи баланди саводнокии иттилоотӣ барои ҷавонон муҳим мегардад. Ин на танҳо қобилияти истифодаи дастгоҳҳо, балки маҷмуи салоҳияте мебошад, ки имкон медиҳанд бо муҳити рақамӣ ҳамкории бехатар ва самаранок анҷом дода шавад.
Бо назардошти чунин воқеият бояд роҳҳои мустаҳкам намудани масунияти иттилоотии наврасону ҷавонон дар муқобили таҳдиду хатарҳои муосир ва баланд бардоштани фарҳанги иттилоотии онҳо дарёфт карда шаванд. Фарҳанги иттилоотӣ қисми фарҳанги умумии инсон аст, ки ҷаҳонбинии иттилоотӣ, системаи дониш ва малакаҳоеро дар бар мегирад, ки фаъолияти мақсаднок ва мустақилонаро, ки барои қонеънамоии муносиби ниёзҳои иттилоотӣ бо истифода аз технологияҳои анъанавӣ ва нави иттилоотӣ равона шудааст, фароҳам меорад. Он худро дар қобилияти паймоиш дар ҷараёнҳои иттилоотӣ, арзёбии интиқодии иттилоот, истифодаи самараноки он ва риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ дар фазои иттилоотӣ зоҳир мекунад.
Таъмини амнияти иттилоотӣ ва мафкуравии ҷомеа маҷмуи чораҳоест, ки барои ҳифзи афрод, ҷомеа ва давлат аз таҳдидҳо дар соҳаи иттилоот, инчунин тақвияти самтҳои устувори арзишӣ ва муқовимат ба таъсири харобиовари иттилоотӣ равона шудаанд. Ин мафҳумҳо бо ҳам зич алоқаманданд, зеро технологияи иттилоотӣ қобилияти манипулятсияи одамон ва ташаккули баъзе муносибатҳои идеологиро афзоиш медиҳад.
Ҷомеаи ватаниро мебояд шабакаҳои иҷтимоиро огоҳона истифода баранд, бо иттилооти ғаразноку хабарҳои бардурӯғ, бахусус бо идеяҳои ифротгароёна муқовимат карда тавонанд, интернетро барои илму донишандӯзӣ истифода кунанд, вақти худро ба мутолиаи китоб сарф намоянд ва дар таъмини амнияти иттилоотию мафкуравии ҷомеа саҳм гузоранд.
Ҳифз ва таъмини амнияти иттилоотии кӯдакон дар ҷаҳони рақамӣ равиши ҳамаҷонибаро талаб мекунад, ки чораҳои техникӣ, омӯзиши бехатарӣ, муколамаи ошкоро бо волидон ва иштироки мақомоти давлатиро дар бар мегирад.
Бояд гуфт, ки мақоми хонавода дар ташаккули фарҳанги иттилоотии кӯдакон бузург буда, дар таъмини амнияти иттилоотии наврасон нақши калидӣ мебозад. Дар дохили оила асосҳои тафаккури интиқодӣ гузошта мешаванд ва қобилияти шинохтан ва муқовимат ба манипулятсия инкишоф меёбанд. Муҳим аст, ки муносибатҳои боэътимод тақвият дода шавад, то наврасон мушкилот ва нигарониҳои худро бо ҳам мубодила карда, инчунин ба онҳо «беҳдошти рақамӣ» омӯзонида шавад.
Мақомоти давлатӣ дар таъмини амнияти иттилоотии наврасон нақши асосӣ бозида, чораҳоеро амалӣ мекунанд, ки ба ҳифзи саломатӣ, рушди ахлоқӣ ва маънавии онҳо аз таъсири манфии иттилоотӣ нигаронида шудаанд. Давлат шабакаҳои иҷтимоиро тавассути маҷмуи чораҳои ҳуқуқӣ, техникӣ ва маъмурӣ, ки барои таъмини амнияти иттилоот, мубориза бо мундариҷаи ғайриқонунӣ ва танзими фаъолияти платформаҳо равона шудаанд, назорат мекунад.
Мактабҳо дар ташаккули фарҳанги иттилоотии хонандагон дар заминаи шабакаҳои иҷтимоӣ нақши калидӣ мебозанд ва онҳоро ҳамчун абзор барои омӯзиш, муошират ва рушди малакаҳои иттилоотӣ истифода мебаранд. Ин на танҳо омӯзонидани малакаҳои ҷустуҷӯ ва таҳлили маълумот, балки инкишоф додани тафаккури интиқодӣ, муносибати масъулиятнок ба муҳтавою мундариҷаи рақамӣ ва рафтори бехатари онлайнро низ дар бар мегирад.
Ҷомеа дар ташаккули фарҳанги иттилоотӣ нақши асосӣ мебозад. Зеро маҳз дар дохили ҷомеа шароит, механизмҳо ва ниҳодҳое фароҳам оварда мешаванд, ки сатҳи маҳорати одамонро дар кор бо иттилоот, эҷод, таҳлил ва истифодаи самараноки он муайян мекунанд. Фарҳанги иттилоотӣ ба қисми ҷудонашавандаи фарҳанги умумӣ табдил ёфта, дараҷаи ҳамгироии инсонро ба равандҳои иттилоотӣ инъикос мекунад.
Ҳамин тавр, ташаккул ёфтани фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ бо назардошти ахлоқу фарҳанги миллӣ, дурӣ ҷустан аз муҳтавои бешармонаву беахлоқона ба манфиати калонсолон ва саодати кӯдакону наврасон мусоидат менамояд. Бо муҳтавои маънавию ахлоқӣ пур намудани муҳтавои шабакаҳои иҷтимоӣ сабаби беҳтар гардидани руҳияи ахлоқию маънавии наврасону ҷавонон мегардад. Парҳези ахлоқию маънавӣ аз муҳтавои тахрибгари ахлоқии шабакаҳои иҷтимоӣ ва корбурди ҳадафноки зеҳни сунъӣ дар тарбияву ташаккули насли солими миллӣ кумак мекунад.
Карим НАЗРИЕВ, муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС аз манбаъҳои боз