Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 20.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият дошта, садҳо номгӯй маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти
ДУШАНБЕ, 20.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият дошта, садҳо номгӯй маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Тибқи нақша, соли 2026 дар вилоят таъсиси 140 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ бо таъсиси 2800 ҷойи нави кор пешбинӣ гардидааст. Дар натиҷаи тадбирҳои амалишуда давоми шаш моҳи соли 2026 66 корхонаю коргоҳи нав бо 496 ҷойи нави кор ба фаъолият оғоз намуданд.
Дар заминаи татбиқи пайгиронаи сиёсати иқтисодии Ҳукумати мамлакат ва роҳнамоиҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат соҳаи саноат тамоюли рушди устуворро нигоҳ доштааст.
Бо назардошти ин дар мамлакат тақвияти равандҳои саноатикунонӣ, ҷалби сармоягузории мустақим, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, рушди истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва содиротӣ, инчунин таъсиси ҷойи нави кор ҳамчун самтҳои афзалиятнок боқӣ мемонанд.
АКС: АМИТ «Ховар»