ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 20.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Истеъмоли меваи хушк барои саломатии инсон фоидаовар мебошад, зеро онҳо манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд. Фоидаҳои асосии меваи хушк- ин беҳтар кардани

ДУШАНБЕ, 20.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Истеъмоли меваи хушк барои саломатии инсон фоидаовар мебошад, зеро онҳо манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд. Фоидаҳои асосии меваи хушк- ин беҳтар кардани кори узвҳои ҳозима, мустаҳкам кардани дил ва рагҳо, пешгирии камхунӣ, мустаҳкам кардани устухонҳо, ҷавонии пӯст ва муҳофизати бадан мебошад. Хушкмеваҳо и Тоҷикистон аз витаминҳои А, В1, В2, В3, В5, В6 ва минералҳо, ба монанди оҳан, калтсий, магний, фосфор, калий ва натрий бой мебошанд. Хушкмева хусусияти хуб дорад ва онро шумо ба муддати зиёд  нигоҳ дошта метавонед. Одатан хушкмеваро бо ду тарз тайёр мекунанд: табиӣ, яъне дар зери нурҳои Офтоб ва тарзи дуюм, ин коркарди меваи тар бо сулфур ё ин ки олтингӯгирд мебошад.

Мавиз — дорои оҳан ва энергия буда, хунро солим мегардонад. Дар таркиби он витаминҳои гурӯҳи В ва С, минералҳои гуногун, ба монанди оҳан, калий, калтсий, фосфор, антиоксидантҳо, қандҳои табиӣ, нах, калий ва баъзе витаминҳою минералҳо мавҷуданд. Минерали асосии мавиз оҳан буда, истеъмоли он ба муолиҷаи касалии камхунӣ мусоидат менамояд.

Инчунин хӯрдани мавиз барои дил, дандону устухон ва чашм манфиати хуби шифоӣ дорад. Мавиз хушкмеваи серкалория буда, таркиби он аз фруктоза ва сахароза бой аст – 100 грамми он ба 320 килокалория баробар аст. Аз ин рӯ, табибон тавсия медиҳанд, ки нафароне, ки ба вазни худ аҳамият медиҳанд ва онҳое, ки ба касалии диабети қанд гирифторанд, набояд мавизро зиёд истеъмол намоянд. Мавиз эҳсоси гуруснагиро комилан бартараф менамояд. Ин хусусият имкон медиҳад, ки афзоиши вазнро ҳангоми харобшавӣ назорат намоем. Мутахассисон хӯрдани мавизро ба нафароне, ки зуд-зуд асабӣ мешаванду хотираашон заиф аст, тавсия медиҳанд. Мавиз асабро ором ва хотираро мустаҳкам месозад.

Зардолуи хушк аз нах ва витамини А бой буда, барои пӯст ва биниш муфид аст. Сарчашмаи табиии оҳан буда, камхуниро пешгирӣ мекунад. Дар таркиби он нахи зиёд мавҷуд аст, ки кори рӯдаро беҳтар менамояд. Витамини A ва антиоксидантҳои таркиби он пӯстро тоза ва чашмҳоро солим нигоҳ медоранд. Обҷӯши онро дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ҳамчун нӯшокии табиӣ ва дар тибби халқӣ низ ҳамчун маводи доруӣ васеъ истифода мебаранд.

Анҷир яке аз қадимтарин меваҳои фоидаовар аст, ки дар шакли хушк тамоми арзишҳои ғизоии худро нигоҳ медорад. Дар таркиби он  нах, витаминҳо ва минералҳои муҳим буда, барои саломатӣ бисёр муфид аст. Он барои беҳтар кардани кори узвҳои ҳозима ва пешгирии қабзият муфид аст. Таркиби хунро беҳтар намуда, барои баланд бардоштани гемоглобин тавсия дода мешавад. Он манбаи табиии энергия буда, хастагиро бартараф мекунад. Инчунин устухон ва иммунитетро мустаҳкам менамояд.

Себи хушк барои бемориҳои гурда ва ғадуди сипаршакл муфид аст. Себи хушк яке аз солимтарин ва серғизотарин хушкмеваҳо ба шумор меравад. Ҳангоми хушконидан аксари витамину минералҳои себи тару тоза (ба ғайр аз як қисми витамини С) пурра ҳифз карда мешаванд. Ин маҳсулот миқдори зиёди калий ва магний дорад. Калий барои муътадил нигоҳ доштани фишори хун ва кори мушакҳои дил кумак мекунад. Себи хушк манбаи хуби оҳан мебошад. Истеъмоли мунтазами он ба баланд шудани сатҳи гемоглобин дар хун кумак карда, барои одамони камхун ва занони ҳомила хеле муфид аст. Магний ва витаминҳои гурӯҳи B, ки дар таркиби он ҳастанд, системаи асабро қувват мебахшанд. Он барои рафъи хастагӣ, стресс ва беҳтар кардани хоб кумак мекунад.

Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА, АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"