Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 21.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Бонки Осиёии Рушд (БОР) дар доираи миссияи машваратӣ аз гузаргоҳи сарҳадии «Фотеҳобод — Ойбек» боздид намуда, бо вазъи кунунӣ, инфрасохтор ва фаъолияти он шинос шуданд,
ДУШАНБЕ, 21.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Бонки Осиёии Рушд (БОР) дар доираи миссияи машваратӣ аз гузаргоҳи сарҳадии «Фотеҳобод — Ойбек» боздид намуда, бо вазъи кунунӣ, инфрасохтор ва фаъолияти он шинос шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни боздид мутахассисони Бонки Осиёии Рушд бо раванди ташкили фаъолияти гузаргоҳ ва гузаронидани назорати гумрукӣ шинос шуданд. Ҳамзамон бо намояндагони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори давлатӣ масъалаҳои марбут ба фаъолияти гузаргоҳро баррасӣ намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ эҳтиёҷоти мавҷуда, масъалаҳои мубрами фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод–Ойбек», самтҳои эҳтимолии навсозӣ ва такмили инфрасохтори он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Намояндагони Кумитаи гумруки Ҷумҳурии Узбекистон низ ба таври онлайн дар мулоқот иштирок намуда, доир ба фаъолияти гузаргоҳ ва рушди минбаъдаи инфрасохтори наздисарҳадӣ табодули назар карданд.
Ҷонибҳо дар идомаи вохӯрӣ зарурати идомаи ҳамкории созанда, табодули иттилоот барои муайян намудани самтҳои афзалиятноки навсозии гузаргоҳ ва баланд бардоштани самаранокии ҳаракати фаромарзии молу воситаҳои нақлиётро таъкид намуданд.
Боздиди мазкур дар доираи миссияи машваратии Бонки Осиёии Рушд баргузор гардида, ба омӯзиши вазъи кунунии иншоот ва баррасии имконоти ҳамкорӣ дар самти рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва наздисарҳадӣ равона шудааст.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон