ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ барои кӯдакону наврасони ятим ҳамоиши идона доир гардид
АМИТ "Ховар" ·
РӮДАКӢ, 20.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати инсондӯстона ва ятимпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ барои кӯдакони ятим чорабинии идона
РӮДАКӢ, 20.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати инсондӯстона ва ятимпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ барои кӯдакони ятим чорабинии идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш барои 70 нафар кӯдакони ятим дастурхони идона ороста шуда, ба ҳар яки онҳо 1000 сомонӣ ва туҳфаҳои хотиравию лавозимоти хониш тақдим гардид.
Роҳбарияти ноҳияи Рӯдакӣ иброз доштанд, ки ғамхорӣ ба ятимону бепарасторон, дастгирии кӯдакону наврасон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ