Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ёвон 649 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
АМИТ "Ховар" ·
ЁВОН, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бунёду навсозии 561 иншооти таъйиноти гуногун дар нақша буд. Сокинону соҳибкорони ноҳияи Ёвон бо дастгирии
ЁВОН, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/ . Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бунёду навсозии 561 иншооти таъйиноти гуногун дар нақша буд. Сокинону соҳибкорони ноҳияи Ёвон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия то ин муддат 649 иншооти таъйиноти гуногунро бо маблағи 704 миллиону 871 ҳазору 86 сомонӣ мавриди истифода қарор доданд, ки нақшаи иҷрои бунёди сохтмон ба 116,6 фоиз баробар гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» мудири бахши сохтмон ва меъмории ноҳияи Ёвон Темур Раҷабзода иттилоъ дод.
Аз 649 иншооти баистифодадодашуда 3 иншоот ба соҳаи истеҳсолоту саноат, 23 иншоот ба соҳаи маориф, 4 иншоот ба соҳаи тандурустӣ, 2 иншоот ба соҳаи варзиш, 566 иншоот ба соҳаҳои иҷтимоию маишӣ рост омада, инчунин 11 бинои баландошёнаи истиқоматӣ, 39 иншооти обкашӣ ва чанд маркази савдою хизматрасонӣ бунёд гардидаанд.
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 23 муассисаи таълимӣ бо 124 синфхонаи иловагӣ барои 6200 хонанда дар ду баст сохта, ба истифода дода шуд.
Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ёвон имрӯзҳо сохтмони зиёда аз 40 иншооти истеҳсолӣ, фарҳангию фароғатӣ, биноҳои баландошёна, нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ ва зиёда аз 15 бинои иловагии муассисаҳои таълимӣ идома дорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон