Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд ба ифтихори ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатӣ

АМИТ "Ховар" ·

23.09.2026, шаҳри Хуҷанд  Ҳамватанони азиз! Сокинони меҳмоннавозу сарбаланди вилояти Суғд! Чанд рӯз пештар кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони вилояти Суд муқаддастарин ҷашни миллӣ – сиюпанҷумин солгарди истиқлоли давлатиро

23.09.2026, шаҳри Хуҷанд

Ҳамватанони азиз!

Сокинони меҳмоннавозу сарбаланди вилояти Суғд!

Чанд рӯз пештар кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони вилояти Суд муқаддастарин ҷашни миллӣ – сиюпанҷумин солгарди истиқлоли давлатиро дар фазои сулҳу суботи комил ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол намуданд.

Ба ифтихори ин ҷашни бузург кулли сокинони вилояти Суғд ва шумо – ҳозирини гиромиро бори дигар сидқан табрик гуфта, ба ҳар як хонадон сулҳу оромӣ ва иқболи нек орзу менамоям.

Истиқлолу озодӣ – арзишмандтарин неъмат, бузургтарин дастовард ва беҳтарин нишонаи ҳастии миллати тоҷик аст.

Маҳз ба шарофати ин неъмати бебаҳо мо соҳиби ватани озоду обод ва давлатдории миллии худ гардидем, суннату анъанаҳои бостонии аҷдодӣ ва арзишҳои миллиамонро эҳё кардем ва мавқеи шоистаи Ватани азизамон – Тоҷикистонро дар арсаи олам таъмин намудем.

Дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ лар кишварамон, аз ҷумла дар вилояти Суғд корҳои бузурги созандагиву ободкорӣ амалӣ гардиданд.

Танҳо дар панҷ соли охир, яъне дар давраи омодагӣ ба ҷашни 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 15 ҳазору 400 иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёду азнавсозӣ гардида, ба истифода дода шудааст, ки аз нақшаи тасдиқшуда 3400 иншоот зиёд мебошад.

Тайи 35 соли соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти вилоят, бартарафсозии мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тамоми тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шуданд.

Қобили зикр аст, ки таъмин гардидани тараққиёти соҳаҳои саноати сабук, маҷмааи сӯзишворию энергетикӣ, истихроҷу коркарди маъдан, металлургия ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон дар вилоят ҳоло ба рушди устувори иқтисоди миллӣ мусоидат карда истодааст.

Сокинони вилоят хуб дар ёд доранд, ки тайи даҳсолаҳои гузашта рафтуомад ба пойтахти мамлакат ва дигар минтақаҳои он тавассути роҳу ағбаҳои душворгузар бисёр мушкил ва дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ғайриимкон буд.

Бо амалӣ гардидани лоиҳаҳои бузург дар соҳаи роҳу нақлиёт – бунёди нақбҳои ҳаётан муҳимми «Истиқлол» ва «Шаҳристон», таҷдиди шоҳроҳҳои Душанбе – Чаноқ ва Айнӣ – Панҷакент имрӯз робитаи шабонарӯзӣ ва бехатари сокинони вилоят бо тамоми гӯшаву канори кишвар ва давлатҳои хориҷӣ таъмин гардидааст.

Қобили зикр аст, ки дар давраи омодагӣ ба ҷашни истиқлоли миллиамон дар қатори ободониву бунёдкориҳои зиёди бахши давлатӣ аз ҷониби соҳибкорон ва аҳолии вилоят ҳазорҳо километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру азнавсозӣ карда шудаанд.

Ҳамчунин, ҳазорон иншооти иҷтимоӣ – муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд ва ба истифода дода шуда, дар онҳо даҳҳо ҳазор ҷойи корӣ муҳайё гардидаанд.

Ҳамватанони гиромӣ!

Дар шароити мураккаби ҷаҳони имрӯза ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими суботу ваҳдати миллӣ ва таъмин намудани амнияти кишвар аз ҳар як фарди ватандӯст, бахусус ҷавонон масъулияти баланд ва талоши доимиро талаб менамояд.

Ман ба ҳисси баланди милливу ватандӯстии мардуми шарафманд ва заҳматқарини вилояти Суғд бовар дорам ва итминони комил дорам, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо ва неруманду пешрафта мегардонем.

Бори дигар кулли мардуми сарбаланду фарҳангдӯсти вилояти Суғд ва ҳамаи ҳозирини арҷмандро ба ифтихори сию панҷумин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон самимона табрик мегӯям!

Ба хонадони ҳар як сокини вилоят саломативу саодатмандӣ, сулҳу оромӣ ва иқболи нек орзу менамоям.

Бигзор, парафшонии парчами истиқлол бар фарози кишвари азизамон ҷовидон бошад!

Ҷашни 35-солагии истиқлолу озодии давлати тоҷикон муборак бод!

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!

Источник: АМИТ "Ховар"