«Gulf News» мақолаи Сафири Тоҷикистонро оид ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар рушди мероси тиббии Абуалӣ ибни Сино нашр намуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 21.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр мақолаи таҳлилии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ашрафҷон Гулов таҳти унвони «Фасли нави ташаббусҳои Тоҷикистон барои густариши мероси тиббии

ДУШАНБЕ, 21.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр мақолаи таҳлилии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ашрафҷон Гулов таҳти унвони «Фасли нави ташаббусҳои Тоҷикистон барои густариши мероси тиббии Абуалӣ ибни Сино» дар нашрияи хабарӣ ва пойгоҳи иттилооти рақамии «Gulf News»-и аморотӣ нашр гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар доданд, мақола ба аҳаммияти таъсиси «Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули илми тиб ва равишҳои инноватсионии таҳқиқотӣ бахшида шудааст.

Маводи таҳлилии мазкур мавзуъҳои калидӣ, аз ҷумла зарурати эътирофи дастовардҳои барҷаста дар соҳаи тандурустӣ, дастгирии лоиҳаҳои марбут ба таҳқиқоти илмӣ, ҳавасмандгардонии олимони ҷавон дар сатҳи ҷаҳонӣ, пешбурди дипломатияи илмӣ, таҳкими мавқеи Тоҷикистон ҳамчун маркази мубодилаи илмиву фарҳангӣ, густариши ҳамкории байналмилалӣ ба хотири ҳалли мушкилоти умумии тиббии ҷаҳон ва пайвандсозии таърихи гузашта, замони муосир ва ояндаро арзёбӣ намудааст.

Ҳамчунин дар мақола ҳамоҳангии ҳадафҳои ҷоиза бо талошҳои васеътари байналмилалӣ барои ноил шудан ба Ҳадафи рушди устувори рақами 3 — «Таъмини ҳаёти солим ва мусоидат ба некӯаҳволӣ барои ҳама» инъикос ёфтааст.

Муаллиф таъкид кардааст, ки ташаббуси навбатии Тоҷикистон — таъсиси «Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб» ба ҷомеаи ҷаҳонӣ паёми равшане мерасонад, ки мардуми тоҷик посдори таърихи ғанӣ ва мероси илмие мебошанд, ки дар рушди тамаддуни башарӣ нақши бунёдӣ бозидааст.

Маълумоти муфассал дар пайванди электронии зерин дастрас мебошад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ

Источник: АМИТ "Ховар"