Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 23 сентябр дар Варзишгоҳи «Palms Sports Arena»-и шаҳри Боку байни дастаҳои мунтахаби миллии Озарбойҷон ва Тоҷикистон бозии дӯстона баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ

ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 23 сентябр дар Варзишгоҳи «Palms Sports Arena»-и шаҳри Боку байни дастаҳои мунтахаби миллии Озарбойҷон ва Тоҷикистон бозии дӯстона баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Вохӯрӣ соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ (21:00 – ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.

Бозӣ дар Боку барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 санҷиши навбатӣ ба ҳисоб меравад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"